Бонки Ҷаҳонӣ аз Туркманистон "рӯй мегардонад"?
Ҳомиёни байналмилалии ҳуқуқи башар ба Бонки Ҷаҳонӣ тавсия додаанд, то дар Туркманистон ислоҳоти идорӣ сурат нагирад, аз беҳтар намудани равобиташ бо ин кишвар худдорӣ кунад.
Торнамои “Gundogar” аз қавли Ҷессика Эванс, яке аз кормандони баланпояи Созмони “Human Rights Watch” иттилоъ додаанд, ки ин ниҳод ба хотири надоштани Туркманистон як барномаи дақиқ дар мавриди ислоҳоти идорӣ ҳамкориашро бо ин кишвар қатъ мекунад.
Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, дастовардҳои иқтисодии Туркманистон ҳоло ба манофеи мардумаш истифода намешаванд. Зеро бо вуҷуди манобеи бузурги нафтию газиаш фақр дар миёни мардуми ин кишвар ҳукумфармост. Бар асоси барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, шумораи зиёди маргумири кудакони то 5-солаи туркман Туркманистонро миёни давлатҳои дунё дар мақоми охирон қарор додааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ, Бонки Ҷаҳонӣ шуруъ аз соли 1997 то кунун барои Туркманистон ягон тарҳе надоштааст.
Туркманистон яке аз кишварҳои пушидатарин дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки расонаҳои мустақил, озодии баён ё озодии баргузории тазоҳурот дар он вуҷуд надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |