Бахшҳо
29 июл 2013 11:42Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Интиқоди вазир аз кашолкории эрониҳо дар “Истиқлол”

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, аз таъхиркории ҷониби Эрон барои таҷдиди нақби "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб интиқод намуда, изҳор дошт, ки ба ҳукумат пешниҳод намудаанд, ё ҷониби Эрон корро ҷиддӣ бигирад ё аз идомаи кор дар нақб даст кашад.

Ҳакимов рӯзи душанбеи 29-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе, гуфт, таҷдиди нақби “Истиқлол” бояд моҳи май пурра ба анҷом мерасид, аммо аз ҷониби Эрон маблағ ҷудо нагардиданд ва ин корро ба таъхир гузошт. Ба гуфтаи вазир, барои анҷоми таҷдиди нақби Истиқлол 6 миллион доллари амрикоӣ зарур аст, ки аз ин 3 миллионашро бояд Эрон пардохт кунад, аммо то ҳол ҳамагӣ 1 миллионро ҷудо намудаасту халос.

Низом Ҳакимов афзуд, агар эрониҳо аз ин нақб даст кашанд, чиниҳо омадаанд, таҷдиди онро базудӣ ба анҷом расонанд. Аммо эрониҳо ҳам ба далели он ки ин лоиҳа ду бор аз ҷониби руасои ду кишвар тасвиб шудааст, мегӯянд, худашон сохтмони онро ба анҷом хоҳанд расонд.

Бояд гуфт, бунёди нақби “Истиқлол”, ки дар гарданаи Анзоб воқеъ асту шаҳри Душанберо бо шимоли кишвар пайваст мекунад, аз соли 1998 бо кӯмаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуда буд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷом корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳумро тасвиб карданд. Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ихтисос шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кумаки билоивази Эрон мебошад. Айни ҳол бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убури он ба мушкилиҳо дучор мешаванд.

Вазири нақлиёт мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ширкати IRS барои ҳафт нафар маош таъин намудааст ва онҳо дар нақб ба таҷдиди он машғуланд.
Мӯҳр
боз Онхо айбдоранд...

Мухтарам Вазир кори хуб кардед, ки барои идомаи корхои тачдид шарт гузоштед. Бовар кунед 3 сол пеш аз хамин накб гузашта будам ва як мох пеш боз гузаштам холо хам хамон хел аст. Яъне дар шароити пасттарин. Торик, дароз, хавои танг, аз таги рох об мебарояд, арматурхои таги рох баромадаги балоноя мекафонад. Аз боло об мерезад. Э камтар шарм доред... Боз шарм надошта IRS пул мегирад... Дар дохили хамон накб ки даромадам маргу гур ба хаёлам мерасад. Точикистон дар асри 21.. Шарм аст камтар ба номус оед...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)