Бахшҳо
23 июл 2013 13:52Хабарҳои ҷаҳон

Раъйи додгоҳи Аврупо ба фурупошии таҳримҳои зиддиэронӣ меанҷомад

Нигароние, ки байни мақомоти Иттиҳодияи Аврупо вуҷуд дорад, ин аст, ки агар ҳуфраҳои дигаре низ эҷод шавад ва ин ҳуфраҳо ба ҳам бипайванданд, тамоми шабакаи таҳримҳо шуруъ ба фурупошӣ кунад.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", хабаргузории "Ройтерз" дар гузориши таҳлилӣ дар бораи вазъияти таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон ва таъсироти онҳо бар иқтисоди Эрон, навишт: Иттиҳодияи Аврупо дар талошҳои чандсолааш барои печидани давре аз таҳримҳо ба даври Эрон ва мутаваққиф кардани барномаи ҳастайи ин кишвар ҳоло бо бузургтарин мушкил рубару шудааст: додгоҳҳои худи ин Иттиҳодия.

Ба навиштаи "Ройтерз" Иттиҳодияи Аврупо барои мутаваққиф кардани барномаи ҳастайии Эрон талош мекунад то ширкатҳо ва афродеро, ки бо ин кишвар муровидаи иқтисодӣ доранд, мавриди таҳрим қарор диҳад, аммо даҳҳо маврид аз ин ширкатҳо ва афроди ин таҳримҳоро дар додгоҳҳо мавриди эътироз қарор дода ва ҳоло бархе аз онҳо ҳам дар ҳоли пирузӣ дар парвандаҳо ҳастанд. Ин амр сиёсатгузорони аврупоиро ошуфта карда ва занги хатарро дар Амрико ба садо даровардааст.

Ин ёддошт меафзояд : то алъон ҳеч як аз орои додгоҳҳо қатъӣ нашуда, аммо бо таҳдидоти ошкоре, ки исроилиҳо алайҳи барномаи ҳастайии Эрон анҷом медиҳад, Вашингтон бими онро дорад, ки заъиф шудани таҳримҳо ба қувват гирифтани эҳтимоли оғози як ҷанг биянҷомад.

Додгоҳҳое, ки бояд бидуни мадрак тасмимгирӣ кунанд

Асли ин қазия аз онҷо нашъат мегирад, ки давлатҳои аврупоӣ аз ифшои мадорике, ки ин афродро ба барномаи ҳастайии Эрон муртабит мекунанд, худдорӣ мекунанд. Ин кишварҳо мегуянд ифшои ин мадорики маҳрамона ба талошҳо барои мубориза бо барномаи ҳастайии Эрон латма ворид мезанад.
Додгоҳҳо ин баҳонаро рад карда ва мегуянд агар қарор аст тасмиме гирифта шавад, лозим аст санадҳои марбут ба он ироъа шавад. Вукалои эронӣ ҳам ба содагӣ мегуянд, ки ҳеч санаде вуҷуди иртибот бо барномаи ҳастайии Эронро нишон диҳад, вуҷуд надорад. Нигоҳе ки аз суи қуззоти англисӣ ҳам , ки бархе аз ин санади маҳрамонаро мавриди баррасӣ қарор додаанд, мавриди таъиид қарор гирифтааст.

Суруш Зойволо, вакили Бонки миллат, ки алайҳи таҳримҳо иқдом кардааст, мегуяд: комилан равшан аст, ки ҳеч мадраке вуҷуд надорад.

Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2010 ба баҳонаи робита бо Бонки миллат бо барномаи ҳастай, доройҳои ин Бонкро масдуд карда буд. Бонки миллат дар моҳи январ бо эълони инки ҳич санаде, ки нишон диҳад чунин робитае буда вуҷуд надорад, тавонист дар дуюмин додгоҳи аршади Лускембург пируз шавад.

Зойволо дар ин маврид мегуяд: раиси додгоҳ аз вакили Иттиҳодияи Аврупо пурсид: оё метавонед санаде ироъа диҳед? ва онҳо гуфтанд на, ин Эрон аст ва шумо бояд фарз кунед, ки чунин мадраке ҳаст. Қозӣ ба шиддат барошуфт ва гуфт инҷо маҳзари қонун аст ва шумо наметавонед чунин чизеро фарз кунед. Ин додгоҳ ниҳоятан рузи 29 январ дар раъй қотеъ эълон кард Иттиҳодияи Аврупо аз таъаҳҳуди худ мабнӣ бар ироъаи санадҳои мустанад хато кардааст.

Албатта Иттиҳодияи Аврупо дархости таҷдиди назар дар ҳукмро дода ва ба ҳамин ҷиҳат ҳануз таҳримҳо алайҳи Бонк лағв нашуда, аммо ҳамин маврид нишон медиҳад, ки давлатҳои Иттиҳодияи Аврупо барои мутаваққиф кардани барномаи ҳастаии Эрон бо чӣ душворие рубару ҳастанд.

Масъала инҷост,ки вакилони Иттиҳодияи Аврупо аз додгоҳҳо мехоҳанд, ки ба Иттиҳодияи Аврупо эътимод кунанд ва онҳо ҳам аз ин кор худдорӣ мекунанд. Кишварҳои аврупоӣ мумкин аст барои итминон аз иҷрои таҳримҳо мачбур ба ироъаи санади ҳатто маҳрамона ба додгоҳ шаванд. Албатта бо таваҷҷуҳ ба қавонини ҳоким бар додгоҳҳои Иттиҳодияи Аврупо ин додгоҳҳо пас аз он бояд тамоми санадҳоро ошкор кунанд, ки ин амр ҳам раванди тасвиби таҳримҳоро ифшо мекунад.
Як диплумоти аврупоӣ, ки мехоҳад номаш фош нашавад, дар ин маврид мегуяд: феълан ҳеч роҳе вуҷуд надорад, ки битавон иттилоотро бидуни онки ошкор шаванд, дар ихтиёри додгоҳҳо қарор дод ва нуктаи печидаи қазия ҳам ҳаминҷост. Мо наметавонем ба ҳамин роҳатӣ иттилоотро ҳама ҷо пахш кунем.

Нигаронии Амрико аз нотавонии Иттиҳодияи Аврупо дар иҷрои комили таҳримҳо

Девид Куҳен, муовини иттилооти молӣ ва террорисми вазорати хазонадории Амрико дар мавриди ин мавзуъ мегуяд: ин мояи нигаронӣ аст, ки Иттиҳодияи Аврупо дар иҷрои бархе тарҳҳояш бо мушкил мувоҷеҳ аст.
Дар муқобил Моё Лестер, вакили мустақар дар Лондон ин иқдоми бонкҳои аврупоиро шуҷоъона хонда ва мегуяд ин додгоҳҳо ба ҷанбаи сиёсии таҳримҳои Эрон таваҷҷуҳе надоранд.

Ройтерз дар идома бо ишора ба инки додгоҳи Бонки миллат эълон кардааст, ки Иттиҳодияи Аврупо ба дурустӣ шавоҳиди марбут ба ҳамкории ин Бонк бо барномаи ҳастайии Эронро баррасӣ накардааст, менависад: тасмимот дар мавриди таҳримҳои Эрон, ки бояд бо иҷмоъи тамоми кишварҳо иттихоз шавад, маъмулан бо тарҳе оғоз мешавад, ки як ё ду кишвари узви Шурои амният, яъне Англия ва Фаронса ироъа мекунанд ва дигар аъзои Иттиҳодияи Аврупо ҳам ба мадорики онҳо эътимод мекунанд.

Бонки миллат моҳи гузашта дар як додгоҳи дигар ҳам пируз шуд. Ин бор дар девони олии Британия, қуззоти ин додгоҳ низ эълон карданд, ки давлати Британия ба иштибоҳ райъ ба таҳрими ин Бонк додааст. Девони олии Британия ҳатто як гом низ пештар рафт. Ин додгоҳ, ки бар асоси қавонини Англия метавонад ҷаласоти ғайри ошкор ва маҳрамона баргузор кунад, ба мадорики табақабандишуда низ дастрасӣ дошт ва пас аз баррасии ин санад эълон кард таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Бонк, ғайримантиқӣ ва мустабидона аст. Ин ба он маъност, ки мумкин аст ироъаи асноди маҳрамона ба додгоҳҳо ҳам натавонад мушкилеро дар ҷиҳати тавҷеҳи таҳримҳо ҳал кунад.

Вақте шабакаи таҳримҳо дар остонаи фурупошӣ қарор мегирад

Ройтерз дар идома менависад: дар ҳоле, ки то ҳамин марҳила ҳам шабакаи таҳримҳо бо чанд ҳуфра мувоҷеҳ шуда, парвандаҳои дигаре ҳам дар навбат ҳастанд. Нигароние, ки байни мақомоти Иттиҳодияи Аврупо вуҷуд дорад ин аст, ки агар ҳуфраҳои дигар низ эҷод шавад ва ин ҳуфраҳо ба ҳам бипайванданд, тамоми шабакаи таҳримҳо шуруъ ба фурупошӣ кунад.

Аз диди сиёсатгузорони ғарбӣ, бонкҳо аҳдофи асосии таҳримҳо ҳастанд ва ин воқеияте, ки мумкин аст ин Бонкҳо битавонанд дар додгоҳҳо пируз шаванд, метавонад нигаронкунанда бошад.
Баъд аз раъи додгоҳи Луксембург дар мавриди Бонки миллат, дар моҳи феврал ҳам раъй ба нафъи Бонки содироти Эрон, ки яке аз бузургтарин вомдиҳандагони ин кишвар аст, содир шуд. Акнун парвандаҳои дигар ҳам дар навбати баррасӣ қарор доранд.
Бинобар эълони мақомоти Бонки Луксембург , дар моҳи сентябр ҳам қарор аст парвандаи Бонкҳои эронии Ҳенделз Бонк, Пустбанд, Бонки байналмилалии Першиё мавриди баррасӣ қарор гирад. Бонки марказии Эрон ҳам парвандае дорад, ки бояд мавриди баррасӣ қарор гирад. Илова бар инҳо даҳҳо ширкати муҳими каштиронӣ ва санойии муртабит бо нафт ҳамчунин парвандаҳое дар ин додгоҳ доранд.
Ба навиштаи Ройтерз, ҳатто ҷанбаҳои фаннии барномаи ҳастайии Эрон ҳам мавриди қазоват қарор гирифтааст. Дар моҳи май, Бонки Луксембург ба нафъи ширкати эронии саноейъи электроникии Эрон Тронсфу раъй дод. Ин ширкат муттаҳам будааст, ки ба сохти таъсисоти ҳастайии Фереду кумак кардааст.
Яке аз вакилони Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди ин парванда мегуяд: шуро (давлатҳои Иттиҳодияи Аврупо) ҳеч мадраке, ки собит кунад ин ширкат дар сохти Фереду нақш дошта, ироъа накардаанд. Додгоҳ ҳам гуфт шумо ҳеч чиз ироъа накардаед, парванда холӣ аз мустанадот аст, пас шумо парвандаро мебозед.

Талоши аврупоиҳо барои ёфтани роҳе ҷиҳати эъмоли комили таҳримҳо

Ба навиштаи Ройтерз дар ҳоли ҳозир мақомоти аврупоӣ дар ҳоли баррасии чанд роҳкор барои ин масъала ҳастанд. Мақомоти Англия, ки ҳамвора нақши барҷаста дар эъмоли таҳримҳо алайҳи Эрон доштаанд, ба иловаи вакилони Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоли машварат бо додгоҳи Луксембург ҳастанд, то битавон бо тасвиби қавонине, аз асноди маҳрамона дар ҷаласоти истимоъи додгоҳ истифода кард.

Вакилони Иттиҳодияи Аврупо мегуянд дар сурате, ки аҳамияти ин мавзуъ барои судяҳо равшан шавад, мумкин аст пешрафтҳое дар ҷиҳати рафъи нигарониҳо сурат гирад, аммо ин амр замонбар аст.
Яке дигар аз роҳҳое, ки акнун мавриди баррасӣ қарор гирифта, таҳрими комили бахши иқтисодии Эрон аст. Вакилони Иттиҳодияи Аврупо мегуянд бо ин кор дигар ниёз ба исботи вуҷуди иртибот миёни Бонк ва фаъолиятҳои ҳастаӣ вуҷуд надорад.

Иттиҳодияи Аврупо беш аз ин иқдомоти густардаеро алайҳи бахшҳои энергии каштиронии Эрон анҷом додааст. Аммо иқдомоти бештар эҳтимолан бо муқовимати шадиди бисёре аз давлатҳои аврупоӣ мувоҷеҳ мешавад.

Коршиносони мавриди таҳримҳо мегуянд ба унвони намуна садҳо ширкати кучаки олмонӣ равобити машруъи тиҷорӣ бо Эрон доранд. Олмон аз ҳамин роҳ дар соли гузашта моҳона 250 миллион доллар содирот ба Эрон доштааст.

Дар ҳоле, ки Британия ва Фаронса ба унвони ду қудрати низомии аслии Аврупо ба дунболи афзоиши таҳримҳо ҳастанд, бархе дигар аз шарикони онҳо идомаи равобити тиҷорӣ аммо таҳти назорати дақиқро тарҷеҳ медиҳанд, ва ҳамин амр ба бурузи ихтилофоте дар блоки аврупоӣ мунҷар шудааст. Ҳамон тавр, ки яке аз вакилони Иттиҳодияи Аврупо дар ин маврид мегуяд: манофеъи асосии аъзои мухталифи Иттиҳодияи Аврупо бо ҳам мутафовит аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)