Дар Кӯлоб бародар хоҳари 19-солаашро куштааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 21-уми июл дар соҳили дарёи «Ёқсу»-и ҷамоати деҳоти Кӯлоб ҷасади шаҳрванд Сабзаева Парвина Нуруллоевна, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, дарёфт шудааст.
Ба иттилои манбаъ дар ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ёфт шудаанд ва ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, бо гумони даст доштан ба куштори мазкур шаҳрванд Сабзаев Хисрав Нуруллоевич, соли таваллудаш 1989, бародари марҳум, дастгир гардидааст.
Ба иттилои вазорати умури дохилӣ номбурда санаи 20 –уми июли сори равон аз рӯи хусумат, хоҳарашро ба дохили сангоби дарёи «Ёқсу»-и ҷамоати деҳоти Кӯлоб бурда, бо мақсади қасдан ба ҳалокат расонидан, ӯро буғӣ карда ба қатл мерасонад. Ин ниҳод мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |