Файзиннисо Воҳидова гуфт, қарор дар бораи “Мурдафурӯшӣ...” одилона нест
Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, бо қарори Додгоҳи иқтисодии Душанбе розӣ нест ва аз рӯи он ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе рӯзи 19-уми июли соли ҷорӣ хонум Воҳидоваро ҳамроҳ бо нашрияи “ИмрӯзNews” барои паст задани шаъну шарафи ширкати “ТоҷИрон” айбдор карда, аввалиро ба пардохти 30 ҳазор ва дувумиро ба пардохти 1 сомонӣ ҷарима муваззаф намуд.
Ин ҳуқуқдони тоҷик ба “Озодагон” гуфт, “ширкати ТоҷИрон ба хонаводаи раисиҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад ва ҳар як судя (додрас) бо фармони президент ба кор қабул мешавад. Бино бар ин, аз ин мурофиа адолати додгоҳиро интизор набудам ва медонистам, ки ҳалнома ба нафъи ҷониби даъвогар қабул мешавад.”
Гузашта аз ин, ба гуфтаи Файзиннисо Воҳидова, мақомоти қонунгузорӣ ҷуброни маблағро барои барқарор намудани шаъну эътибори шахс ба шаҳрвандон пешбинӣ кардааст, на барои шахси ҳуқуқӣ, ки ширкати ТоҷИрон ташкилоти тиҷоратист. "Ҳамчунин, Кодекси гражданӣ пешбинӣ намудааст, андозаи ҷуброн аввал одилона бояд бошад. Дуюм ин ки ба ҳеч ваҷҳ вазъи молии ҷониби дигарро паст накунад ва инчунин бо назардошти вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷавобгар андозаи зарар муайян карда мешавад”,-афзуд ӯ.
Вале ба таъкиди ҳуқуқдони тоҷик, додгоҳ дар бораи вазъи молии ӯ иттилое ҷамъ накарда ва аз ҷои кораш низ маълумотнома нагирифтаанд, ки маоши ӯ чӣ қадар аст ва оё имкони пардохти ҷуброни зарарро дорад, ё на.
Қаблан ширкати “ТоҷИрон” аз болои Файзиннисо Воҳидова ва “Имрӯз News”, ба Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурда, аз Воҳидова 50 ҳазор сомонӣ ва аз нашрия 1 сомонӣ ҷуброн талаб карда буд. Эътирози ширкати “ТоҷИрон” аз нашри матлабе бо номи "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "ТоҷИрон" (Имрӯз Нюс) аст, ки аз ҳодисаи садамаи автомашинаи боркашонии ҶДММ "Тоҷирон" ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нақл мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |