Мушовири президент дар куштори бародараш ҷосусони Покистонро гунаҳкор кард
Ба куштори намояндаҳои баландмақоми ҳукумати Афғонистон ва аъзои хонаводаи онҳо кормандони ниҳоди ҷосусии Покистон даст доранд. Ин нуктаро Рангин Додфар Спанта, мушовири райиси ҷумҳури Афғонистон дар ҷанозаи бародараш Аҳмад Валӣ Тоҳирӣ изҳор доштааст.
Тоҳирӣ дар музофоти Ҳирот аз сӯи афроди номаълуми савори мотосикл парронда шуд. Ба гуфтаи Рангин Додфар Спанта ду ҳафта қабл Толибон ба ӯ таҳдид кардаанд, ки бародарашро хоҳанд кушт. «Ҷосусони хориҷӣ ҷангиёнро дар Пешовар ва Кветт тамрин дода, барояшон паноҳгоҳ медиҳанд. Баъди омодагиҳои ҷангӣ онҳоро барои анҷоми амалҳои террорӣ мефиристанд ва онҳо бародарону хоҳарон ва наздикони моро мекушанд»,-афзудааст мушовири Ҳомид Карзай.
Рангин Додфар Спанта гуфтааст, ҳоло Толибон ду роҳ доранд – ё ба барномаи оташбас мепайванданд ва ё то комилан маҳв шуданашон муборизаро бо ҳукумат идома медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |