Миллиардери покистонӣ бо 303 миллион доллар клуби футболи Лондонро харид
Шаҳид Хон, миллиардери покистонитабор бошгоҳи футболи «Фулхэм»-и Лондонро харидааст. Дар ин бора торнамои расмии клуб хабар додааст.
Ба иттилои расида, Шаҳид Хон саҳмияҳои клубро бар ивази 200 миллион фунт, муодили 303 миллион доллар аз тоҷир Муҳаммад Фаёди 84 сола, ки аз 16 соли пеш ба ин сӯ «Фулхэм»-ро соҳибӣ мекард, харидааст.
Клуби «Фулхэм», яке аз қадимтарин тимҳои Лондон мебошад. Он соли 1879 таъсис ёфтааст.
Ҳоло дар курсии сармураббии «Фулхэм» Мартин Йол нишастааст. Дар рейтинги УЕФА клуб дар зинаи 47-ум аст.
Акс аз fulhamfc.com
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |