Боздошти раҳбари донишкадае дар Хатлон барои қаллобӣ
Раҳбари яке аз мактабҳои олии вилояти Хатлон ба гумони “қаллобӣ ба миқдори калон” боздошт шудааст.
Ахиран кормандони Раёсати зидди фасоди молӣ дар вилояти Хатлон Санг Қарабоев, директори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маорифи минтақаи Қӯрғонтеппаро дар пайи иттилои Насим Собиров, раиси ҶДММ “Алишер”-и шаҳри Қӯрғонтеппа, пас аз гирифтани 14 ҳазор сомонӣ боздошт намуданд.
Ба иттилои Ҳикматулло Исматов, сардори шуъбаи пешгирии коррупсия дар раёсати мазкур, рӯзи 28-уми майи соли 2013 шаҳрванд Насим Собиров ба онҳо муроҷиат намуда, гуфтааст, ки Қарабоев аз маблағи шартномаи миёни онҳо басташуда, ба миқдори 72 ҳазор сомонӣ, ки барои таҳияи ғизои толибилмони ин муассиса, яъне омӯзгорон пешбинӣ гардидааст, 14 ҳазор сомонӣ талаб кардан дорад. Ҷаноби Исматов афзуд, Н.Собиров боз хабар дод, ки С.Қарабоев 10-уми майи соли ҷорӣ низ аз вай 6 ҳазор сомонӣ гирифта будааст.
“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ худи ҳамон рӯз далели шайъӣ - 14 ҳазор сомонӣ аз дафтари кории С.М.Қарабоев дарёфт гардид”,-зикр кард Исматов ва афзуд, ҳамаи шаҳрвандон бояд аз рафтори Н.Собиров ибрат бигиранд. Зеро, ба қавли ӯ, “зуҳуроти коррупсиониро дар бисёр ҳолатҳо бартараф намудан мумкин аст, агар шаҳрвандон оид ба амалӣ намудани ҳуқуқҳои қонунии худ масъулиятро бештар ҳис намоянд”.
Дар ҳамин ҳол, як корманди соҳаи маорифи вилояти Хатлон, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, “маблағи мусодирагардида аз буҷаи давлат набуда, балки мансуб ба ташкилоти байналмилалии GTZ - «Кӯмаки техникии Олмон» мебошад ва тибқи маслиҳати пешакӣ бо айбдоршаванда Собиров аз он хизмате, ки дар ошхонааш расонидааст, маблағи бештар гирифтааст. Яъне, маблағи иловагӣ - 20 ҳазор сомонӣ миёни чанд нафар, бо шумули масъули ин ташкилоти хориҷӣ бояд тақсим мешудааст. Аз ин рӯ, Собиров на боядҷабрдида, балки ҳамшарики гуноҳ дониста шавад.”
Аммо азбаски худи Собиров нахост бо мо суҳбат кунад ва Қарабоев ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад, мо натавонистем ин иддаоро дар қиёс ба шарҳи эшон манзур намоем. Сафар Ҳақдодов, яке аз дӯстони Қарабоев, мегӯяд, дар ин кор кадом як нофаҳмие рух додааст ва пешниҳод дорад, ки “чун мақомот ҳангоми бори аввал содир намудани ҷиноят барои барқароркунии сохти конститутсионии давлат мубориза бурдани касро ба инобат мегиранд, хизматҳои осоиштаи вай низ сарфи назар карда нашаванд. Қарабоев дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон фирор накард, балки дар як минтақаи кӯҳистони ноҳияи Данғара муаллимӣ кард, фарзандони мардумро таълим дод ва ба хоҳишмандон усулҳои пайвандсозии ниҳолро омӯхт ва шахсан боғоти зиёди аҳолиро дар ҳар гӯшаву канори вилоят сарсабз ҳам кард. Яъне ӯ он замон бо рафтори хуб ҷангталабони ҳарду ҷонибро ба мусолиҳа даъват мекард, ҳарчанд худ зери хатар қарор дошт... Ва ман бовар надорам, ки ӯ қаллоб бошад. Хонаи шахси қаллоб мисли хонаи ӯ фарсуда намешавад...”
Ин дар ҳолест, ки кормандони раёсати зидди фасоди молиявӣ дар вилояти Хатлон нисбат ба Қарабоев бо моддаи 247, қисми 3, банди “а”, Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз намуда, ҳамзамон дар ҷойи кори ӯ санҷиши молиявӣ мегузаронанд. Ҳоло маълум нест, ки парвандаи ӯ бо ҳамин бандубаст мегардад ва ё моддаву қисму бандҳои дигар ба он зам карда мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |