Бахшҳо
06 июл 2013 09:35Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳозирини мулоқоти президент дар “ғалбер”-и мақомот

Дилошӯб Орифзода

Як моҳ ин ҷониб, фикри тавлиди ин матлаб дар зеҳнам давр мезад, аммо вақт фурсат намедод. Чандин маротиба кӯшиш кардам, ки аз ин мавзӯъ даст кашам, вале рисолати касбиям маҷбурам сохт то дар ин бора ҳарф занам. Бале, боз сӯҳбат сари он меравад, ки чӣ касонеро ба мулоқоти президент бурданд ва ё ҷавонон чӣ корҳоро ба сомон расониданд, ки ҳамчун як ҷавони «фаъол» ба сӯҳбати раисҷумҳур мушарраф гардиданд?

Қариб ҷавоне нест, ки хоҳиши бо сарвари давлат суҳбат карданро надошта бошад. Ҳама мехоҳад дар мулоқоти раисҷумҳур ширкат кунад ва дар баъзе маврид арзу шикояту пешниҳодҳояшро ба президент расонад. Ва на ҳама сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро аз наздик дида аст. Аммо дар зеҳни аксари ҷавон ақидае ҷойгузин шудааст, ки ба мулоқоти раисҷуҳур на ҳамаро мебаранд ва ё имкони рафтан медиҳанд. Ин як мавзӯи баҳснок аст. Агар сари ин масъала сӯҳбат кунем, хело тӯл хоҳад кашид. Аз ин рӯ ба мавзӯи баррасишаванда бармегардем.

Суҳбати ҷавонони аз мулоқоти президент баргашта

Пас аз мулоқот баргаштани ҷавонон дар донишгоҳҳо вохӯрии донишҷӯёни аз мулоқот баргашта, бо муњассилин баргузор карда шуд, ки ба гуфти як нафар наздик ба раёсати Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд (ДДХ), аз Вазорати маориф ин супоришро гирифтаанд. Масалан, дар ДДХ аз санаи 7-уми июн то 12- уми ҳамин моҳ 12 вохӯрӣ бо донишҷӯён гузаронида шуд. Шояд ҳадафи ташкил кардани ин вохӯриҳо дар он буд, ки ҷавонони фаъол, ки аз номи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур рафтаанд, ба боқимонда таҳсилкунандагон муҳтавои вохӯриро бифаҳмонанд. То куҷо муваффақ гардиданд, намедонам, аммо агар дигар вохӯриҳояшон ҳам ба мисли суҳбати дар толори факултаи филологияи тоҷик шуда бошад, тирашон ҳадаф рас набуд. Зеро ҷаласаи мазкур хеле дар сатҳи паст гузаронида шуд.

Санаи 7-уми июн дар толори факултаии филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрии таҳсилкунандагон бо ду нафар ҷавонони фаъоли вилоят, Қобилхӯҷа Обидов, ки ӯ дар Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ фаъолият мекунад ва Боҳир Раҷабов аспиранти факултаи филологияи тоҷик, ки ба мулоқоти президент роҳ ёфтаанд, баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ бояд донишҷӯёни факултаи санъат низ ташриф меоварданд, аммо мушоҳида нишон дод, ки аз ин факулта ҳамагӣ 2 – 3 нафар ҳузур доштанд. Аз рӯи қоғаз баромад кардани Қобилхӯҷа Обидов ба донишҷӯён писанд наомад ва касе аз байни онҳо хоҳиш кард, ки ба суолу ҷавоб гузаранд.

«Барои савол додан аз рӯйхати АМНИЯТ гузаштан даркор буд»

Аввалин суоле, ки ба мулоқоткунандагон ҷудо шуд, ин буд, ки аз синни чанд то чандро мо ҷавонон гуфта метавонем? Ба ин суол Обидов посух гардонид, ки аз 14 сола то 35 солларо мо метавонем ҷавон гӯем. Донишҷӯи дигари факултаи мазкур даст боло кард ва як суоли тӯлонӣ дод, ки мо мухтасаран суол ва ҷавобро меорем: - Вақте ки шумо ҳайати бисёр бузург аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе рафтед, ба ҷуз манфиатҳои худатон манфиатҳои ҷавонони тамоми вилоятро ба самъи президент расондед? Вақте ки шумо меравед, намоянда аз номи тамоми донишҷиён рафтед, шумо ягончиро пешниҳод кардед? Масалан, донишҷӯён фалон муаммо доранд?

Ба ин суол низ корманди Раёсати ҷавонон варзиш ва саёҳӣ вилояти Суғд ва дар як маврид дониҷӯи соли саввуми ДДХ Қобилхӯҷа Обидов посух дод: «Саволҳо буданд, лекин барои савол додан, гапа росташро гӯем, аз рӯихати АМНИЯТ гузаштан даркор буд. Пешниҳодҳо додем, лекин хаттӣ.»

Дар ҳамин лаҳзаҳо риштаи суханро аспиранти ДДХ Боҳирҷон Раҷабов ба даст гирифт ва ӯ вобаста ба ин суол чунин ибрози назар кард:
- Вақте ки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоташон гуфтанд, ки халал нарасонед, монед ҳама арзу шикоятошонро гӯянд. Лекин дидед, ки чӣ қадар одам баромаданд дар назди микрафон (баландгӯяк). Ҳаммаи вай саволҳоро гӯш мекардем, шояд ду рӯз мулоқот давом мекард.

«Панҷ – шаш мулоқот дар ҳамин сатҳ гузаронида шавад…»

Як нафар донишҷӯи факултаи филологияи тоҷик, ки аз ифшо намудани номаш худдорӣ кард, дар мавриди вохӯрии ҷавонони аз мулоқоти президент баргашта, чунин ибрози ақида намуд, ки вақте шунидааст, соати 14:00 вохӯрӣ дар толори факултаи филологияи тоҷик баргузор мешавад, хеле шод гардида тамоми фаъолияташро як сӯ гузошта, ба факулта ташриф овардааст: «Интизор аз он будем, ки ун нафароне, ки онҷо рафтанд (ба мулоқоти президент) бисёр як нафарони арзанда ҳастанд ва метавонанд, ки барои ба амал гузоштани пешниҳодҳои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мо як суҳбати хеле муфид доир менамоянд. Аз суҳбати як нафарашон, (манзураш Қобилхӯҷа Обидов), вақте ки ў суҳбат мекард, дар ҳарфҳояшон як муҳаббати ватандӯстонаву миллатдӯстона ҳис карда намешуд. Он кас худашонро таъриф карданд, васф карданд, ки дар ким кадом чорабиниҳо кор карданд, ин карданд, вай карданд. Аз ин мулоқот биссёриҳо хулоса баровард, ки нафароне, ки бисёр дар чорабиниҳо кор мекунанд, ҳамешагӣ метавонанд, ки дар мулоқоти президент иштирок карда бошанд.»
Дар идомаи суханаш донишҷӯ гуфт, он нафаре, ки ба мулоқоти сарвари давлат меравад, бояд каме фарҳанги сиёсиаш боло бошад. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки баъзе суханҳои эшон байни ҷавонон ихтилофро ба миён овард: - Вақте ки онҳо сухан меронданд, гуфтанд, ки чандин ҷавонҳо бо тағобозиву амакбозӣ ҳатто ба вохӯрии президент шомил шуданд. Ин алакай дар байни дониҷӯён ва ҷавонон ҳамбастагиро намеорад, балки ихтилофро ба миён меорад. Агар панҷ – шаш мулоқот дар ҳамин сатҳ гузаронида шавад, эътимоди ҷавонон комилан аз давлату ҳукумат канда мешавад.

Ба ҷои хулоса

Дар мулоқоти мазкур ин ду ҷавоне, ки чун намоянда аз донишҷӯён ва ҷавонони фаъоли вилоят ба мулоқоти президент рафта буданд, корҳои ба сомон расонидаашонро гуфтанд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки маҳз ҳамин фаъолияташон сабаби мушарраф гардидан ба вохӯрии раисҷумҳур гардид. Масалан, Боҳир Раҷабов гуфт, дар фестивали дӯстии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар Қирғизизстон гузаштааст, фаъолона иштирок намудааст.

Қобилхӯҷа Обидов низ корҳои то ба мулоқот рафтаашро як ба як номбар кард. Ӯ гуфт, ки се сол мешавад, бе маош дар Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ фаъолият мекунад ва ягона мақсадаш кор омӯхтан аст. Кори дигари назаррасашро дар он мебинад, ки ягон чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ бе иштирок ва ташаббуси ӯ гузаронида намешуда аст. Дигар ин ки дар вақти сафарҳои раисҷумҳур ба вилояти Суғд Обидов ҷавонҳои беҳтаринро бурда шиоргӯї (яъне дар ду ҷониби роҳ ҷавонон саф мекашанд ва бо наздик шудани сарвари давлат чунин ҳарфҳоро мегӯянд: Хушомадед, Ҷаноби олӣ, ободӣ аз шумост…) мекардааст.

Ҷавонони азиз, шумо фаҳмидед, ки барои ба мулоқоти сарвари давлат шомил гардидан, чӣ корҳоро бояд ба сомон расонед. Яъне, дар шанбегиҳову шиоргӯиҳо, парчамбардорӣ ва он корҳое, ки аз ҷониби мақомоти иҷроия ва раёсати донишгоҳ фармуда мешавад, бе чунучаро иҷро намуданатон зарур аст. Аз рӯзи аввали фаъолият маблағ талаб нанамуда, то се сол ройгон кор кардан лозим ва …

Бо ҳамин иктифо мекунам, агар хоҳиши ба мулоқоти навбатии сарвари давлат рафтанро дошта бошед, ҳатман як маротиба назди Қобилхӯҷа Обидов биравед ва аз ӯ сухан гуфтану кор карданро омӯзед. Бовар дорам шуморо ҳам дар мулоқоти баъди хоҳанд бурд. Боваратон намеояд?
Мӯҳр
Бехтарин-ку))))) Рафтем, ба ... шанбеги! А, хушомаду чоплусиро фаромуш накунед! Рррррафтем... )))))

Ман хам дар ин вохури будам, лекин ин хелиша надидам. Чи сафсата мехони Кобилхуча Обидов. Тура даъват карданд аз шахри бостонии Хучанд, нури дида точи сар. Микрофона доданд, баромад карди, гуфти шояд гапота. Леки чаро тафрика меандози? АМНИЯТи гуфтагид вокеан буд дар он чо, аммо вазифааш дига буд. Тура аз руйхат барои иштирокчиён санчидаанд. Одам хамин хел хафтафахм мешад-ми? Боз дигарора акл ёд мететон...

Матлабшох: Исфара
Бародари азиз, Дилошоб Орифзода!!! Ман шахсан аз навиштахоят чунин хулоса баровардам. Агар чунин чавонони ташаббускор, ташкилотчи, ки дар баробари донишчуи хам волонтёр шуда кор мекунад, сахми худро дар тарбияи насли наврас мегузорад ба мулокот наравад, ки меравад? Ба фикрам ту аз катори дигар чавонон мондаги аламат зур))). Магар дар кабули сарвари давлат байни чавонон ташаббускори "Хуш омадеду ....", парчамбардори кардан норасои аст. Шахсан ман аз чунин чавонон ИФТИХОР менамоям. Ахсанат бод КОБИЛХОЧА ОБИДОВ. Бидон чавонони Исфара туро дастгири карданд.

БРАТ КОБИЛХУЧАВА САХТ ГАП НАЗАН ДИЛОШУБ. ЛИЧЬНО МАН ВАЯ МЕШИНОСАМ ТУ ЮРАК ДОШТА БОШИ ЯКБОР ХАМУН БОИН ОМАДА БЕПУЛ БАРОИ ВАТАН БАРОИ ПАРЧАМБАРДДОРИ БИЁЧИ? БАЙРАКБАРДОРИ ИН ИФТИХОР АЗ ВАТАНДОРИ АСТ!!! МИСЛИ ТУ НАВИСАНДАИ БЕЗОРИ НЕ. КОБИЛЛОЧА ТУ ДАР СУХАН НЕ ДАР КОР (АМАЛ) БЕХТАРИН АСТ!!! КАНДУТ БИЗАН БАЧА!!!

Махбуб-чавон,

Шанбеги нарафта кучо мери???

Ватандуст-2013
Хой мардум нашунидам нагуед!!! Надидам нагуед. Баъзан журналистони чавон ба руйхати мулокоти Президент ворид нашуда сохиби АЙПАД нашуданд. Аз ин ру аламашон зур...Кобилхуча тува гап нест.

Ислом аз Исфара
Матлабшох: Исфара,
Матлабшох: Исфара,
Косалеси навчавони исфараги!Ба ту ки хакку хукук дод,ки аз номи чавонони Исфара гап зани?Ман на кобилхучаи шуморо мешиносаму на муаллифи ин маколаро!Лекин мардак мисли шумо хушомадгуй нест.Хакикатро навистааст!Шумо хушомадгуйхои оянда фикр мекунед ватандустии шумо ин парчамбардориву мадхияхонист?ватандори ба гуфтор нест бародарои косалеси дарбораи.ватандори ба кирдор аст!Шумо хамат бо ин хушомадгуиятон бархакс ба давлату миллат хеле зарари зиёд меоред!Шумо косалесон баръакс бояд камбудихоро гуед то мансабдорони харомхури порахури ЧТ ислох шаванд.На афсонаву дуруг ва демагогияи бекора.Хамин айпад сари шумо барин косалесонро хурад,ки барои айпад шуда руирост шири сафедро сиях гуи!Махбуб-чавон,

Дар баробари донишчу будан, кор кардан ин хунари хама нест. Обидов К. ба ин нигох накарда хам дар дарсхо хуб иштирок мекунаду хам бо корхои муфидноки хам ба худ ва хам ба чавонон машгул аст. Ягона мушкилии вай дар он аст, ки танхо хисси ватандустии баланд дорад. Ман уро хеле хуб мешиносам ва мушкилии он дар он аст, ки вай ба эхсосот дода мешавад ва агар Шумо рузноманигори кордида мебудед, ин чизро хуб дарк карда ин кадар муамморо барои худ ва дигарон пайдо намекардед. Суханхои у на косалесиро мемонаду на мадху ситоишро, танхо хисси ватандусти хасту халос. Шумо худатон метавонед се сол бе ягон маош дар ягон муассиса кор ва фаъолият баред? Ман фикр мекунам, ки кор нахохед кард.
Махбуб-чавон,

Хангоми хондани ин макола ман эхсос намудам аз навиштахои муаллиф,ки максади донишчуене,ки бо Обидов К ва Рачабов Б дар сухбати ру ба ру ки чои баргузориаш факултети филологияи точик будааст, касдан пас задан ва шарманда намудани чавонони дар :мулокоти Президент иштирок намуда буда аз суоли пешниход намудаашон(Вақте ки шумо ҳайати бисёр бузург аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе рафтед, ба ҷуз манфиатҳои худатон манфиатҳои ҷавонони тамоми вилоятро ба самъи президент расондед? Вақте ки шумо меравед, намоянда аз номи тамоми донишҷиён рафтед, шумо ягончиро пешниҳод кардед? Масалан, донишҷӯён фалон муаммо доранд?) маълум шумоен метавонед саволу дархост, пешниход, идеяхои нав ба нави худро ба сайти президент нависед. ,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)