Шӯрои уламо ба комиссияе ниёз дорад, ки сарфи пулҳоро назорат кунад
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раҳбари Шӯрои уламои Маркази исломӣ, гуфт, бояд як комиссияи махсус сарфи маблағҳои ҷамъоваришуда барои болопӯши саҳни масҷиди марказии Душанберо назорат кунанд.
Оқои Абдулқодирзода, ки дар намози ҷумъаи 28-уми июн дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, “ниёз ба як комиссия аз берун дорем (комиссияе, ки масъулони масҷиди марказӣ ва Шӯрои уламо шомили он набошанд), то сарфу хароҷоти ин сохтмонро таҳти назорат бигирад.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан муфтии Тоҷикистон аз намозгузорон даъват карда буд, барои болопӯши саҳни масҷид кумак кунанд: “Аз сабаби он ки саҳни масҷиди марказӣ болопӯш надорад, шумораи зиёди намозгузорон дар зимистон зери барфу борон ва дар тобистон зери офтоби гарм намоз мегузоранд. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем, саҳни масҷидро, ки бисёр васеъ аст, болопӯш кунем. Агар нафароне, ки имкони кумак карданро доранд ва маслиҳатҳои муфид дода метавонанд, хоҳиш мекунем, дар ин кори хайр бетараф набошанд.”
Ҳар ҳафта ҳазорон сокини Душанбе барои адои намози ҷумъа ба масҷиди марказии пойтахт меоянд. Ин масҷид ҳанӯз дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта бо ҳимояти қозиёти вақт бунёд ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |