Бахшҳо

Назари соҳибкор Маҷидов ба қазияи Зайд Саидов

Собир Маҷидов, соҳибкор

Ҳудудан як моҳ аст, ки вай аз фазои озоди ватан нафас намекашад. Сеюмин ҳафта аст, ки дар як гӯшаи тангу торик, ки боздоштгоҳи муваққат ном дорад, ба сар мебарад. Сеюмин ҳафта аст, ки ӯро мепурсанд, ба суолҳои якранги муфаттишон, ки ҳама оҳанги гунаҳковӣ доранд, посух медиҳад. Суолҳо якрангу якмароманд, ҳарчанд объекти пурсишҳо дигаранд. Гоҳе аз Тоҷикатлас суол мекунанд ва гоҳи дигар аз биноҳои осмонбӯсе, ки ширкати ӯ сохтааст, то пойтахти тоҷиконро назарработар аз қабл кунад. Ва ин биноҳо замонавианд, меъмориҳои омезишёфтаи милливу ғарбӣ, тарҳҳои озода, биноҳое, ки то ба ин дам назирашон дар кишвар набуданд. Ӯ даст ба сохтани онҳо зад, то Душанбе ҳам ифтихороти меъмории замонавӣ дошта бошад.

Аммо ҳоло ӯро дар ин бора ҳам мепурсанд. Ва шояд ёдаш ояд, ки ба чӣ заҳамоте онҳо бино ёфта буданд, мегуфт масрафоти зиёд аз ҷайби худ кард, зарар дид, вале онро бино намуд, то ваъдахилоф набошад. Мегуфт, харҷи барзиёдатӣ аз он шуд, ки бо хоҳиши шаҳрдори пойтахт таҷҳизоти нақшавии чинӣ бо дигар иваз карда шуд ва лозим омад ин хароҷотро худ бипардозад. Ва боз мегуфт омода аст аудити байналмилалӣ гузаронанд, то бубиннад, ки харҷи ин бино чӣ гуна сурат гирифтааст. Баъид аст ин талаб ва дархосташ иҷро шавад, чун ҳоло ҳадафи аслӣ на ин аст, паси парда бас бозиҳое нуҳуфтаанд, ки расман фош намешаванд, мехоҳанд аз ин бозиҳо касе огоҳӣ наёбад, вале бегумон дигарон аз асли ҳодиса хабар доранд. Ва ман дар ин як навишта наметавонам он ҳамаро, ки қабл аз боздошт худи ӯ ба хабаргузориҳо гуфтааст, такрор намоям. Вале боз ҳам наметавонам ин суханонаш сарфи назар кунам, ки иброз доштааст: “Қариб бист миллиюн доллар дар солҳои ахир бо даъвати роҳбари давлат ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаам. Дар сурате, ки тавре бисёриҳо иброз медоранд, миллионҳо доллар аз Тоҷикистон ба берун барои мақсадҳои дигар мераванд. Мо ҳич маблаге ба хориҷ нагузоштем, танҳо ба хотири ободии Ватан ба кишвари худ маблағ ворид кардем”.

Мехост бисозад, чун созандагӣ мароми ӯ буд

Аммо ҳарфи ман сари садоқати як марди созанда ба Ватан аст. Вақте мақомот парвнадаи ҷиноятӣ боз карданд, вай даҳҳо ҳазор километр дуртар аз хоки диёраш буд. Шояд ҳадафи аввал он буд, ки аз бозгашти воридшавандаи обрӯманд ба майдони сиёсат дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешгирӣ карда шавад. Шояд намехостанд вай баргардад ва ин хоҳиш ду паёмад метавонист дошта бошад. Аввалан забондароз хоҳанд буд, ки чун ҷинояткор буд, тарсид ва барнагашт. Ва дуюм бо ҳар васила ӯро меҷустанд ва пайдо мекарданд. Ва ниҳоят то замоне меҷустанду меоварданд, интихобот ҳам ба анҷом мерасид.

Вале бо иқдоми бозгашт ин умедҳоро тира кард. Муҳаббат ба ватан, муҳаббат ба обу хоки диёр ва пайвандону дӯстон барояш болотар аз тарси боздошт омад. Аз ин рӯ натавонист чун Абдуллоҷонов, Қувватов ва чандин тани дигар, дар хориҷ бимонад. Омад, то собит созад, ки ҳар гуна иттиҳомот алайҳи ӯ бепоя аст, омад то собит кунад, ки ҷинояткоре, ки мехонанд, на ӯст.

Лаҳазоте, ки дафтари аъмолашро варақ мезаданд, дар дили Аврупо буд ва шояд шамоли демократия ва шаффофияти тафтишоту ҷурмэълонкуниҳои аврупоиву ғарбӣ ба рӯяш вазида буд, ки натавонист онро бо рӯйдодҳои шабеҳ дар кишвараш қиёс кунад. Ва шояд фаромӯш кард, ки пеш аз ӯ ҳам бо боварӣ омада буданд, то иттиҳомот алайҳи худро рад кунанд, вале натавонистанд. Шояд тибқи ҳамон иродаи ростини худ омад, ки тарс аз ҳеҷ гуна ҷурмэълонкуниҳо надорад, бегуноҳ аст ва метавонад аз худ дифоъ намояд.

Ин лаҳзаҳо дар банди ҳамин ду андеша мондаам. Вале боз меандешам: акнун ки омаду боздошт гардид, дигар чӣ ҷои мулоҳизаронӣ, ки чаро омад? Бояд меомад ва агар намеомад, меоварданд. Зайд Саид на ба ҳадди Абдумалик Абдуллоҷонов аст, ки кишваре чун Амрико пушту паноҳаш бошад. Дар сиёсат навқадам ва соҳибкорест, ки то ин замон муваффақ буд. Акнун, ки по ба арсаи сиёсат гузошт, мехоҳанд қадамашро бишморанд, ки то куҷо метавонад пой гузорад. Шояд ин ишораи ноаён ба ҳамаи ононест, ки мехоҳанд дар ин як марҳилаи ҳассос ба сиёсат рӯй оваранд? Наметавон чизе гуфт…

Бо нақзи ҳуқуқҳо, вале боздошт шуд


Ӯро бо нақзи ҳама ҳуқуқҳои шаҳрвандиаш боздошт карданд. Замоне, ки даҳҳо тан аз ҷумлаи пайвандон, ҳамкорон, ҳамгинонаш дар як поси шаб интизории ӯро мекашиданд, аз дари дигар ба боздоштгоҳ бурданд ва ҷигарбандаш танҳо садояшро аз телефон шунид, ки мегуфт дар идораи шаҳрии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қарор дорад, мепурсанд ва баъд раҳояш мекунанд. Пурсиданд, вале раҳояш накарданд.

Дастури боздошти ӯро касе содир накарда буд, ҳатто шояд худи дастгиркунандагон бехабар буданд, ки вай намояндаи мардум дар парлумон аст ва аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ бархӯрдор мебошад. Танҳо рӯзе баъд, пас аз он ки дар матбуоти электронӣ сару садоҳо баланд шуданд, боз ҳам бо нақзи ҳуқуқ ва бидуни ширкаташ маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ин ҳақро аз ӯ салб кард ва ожонсӣ расман парванда боз намуд. Наметавонам ба такрор бигӯям, чун ин ҳамаро навиштанду хонданд.

Вақте меомад, шояд гумон ҳам надошт, ки пояш ба парвандаи исфарагиҳо банд мехӯрад. Расонаҳо ҳоло аз сири тафтишот бехабаранд ва намедонанд, ки Зайдро ба ин парвандаи шум, ки то ин дам даҳҳо тан тавассути он муҷрим шинохта шудаанд, чӣ иртиботест. Шояд намедонад Низомхон Ҷӯраев, ин пайкараи даҳшат ва ин “донандаи роз” ӯро ҳам ба ришвахорӣ муттаҳам мекунад. Ба сараш ҳам ин фикр намеомад, охир ин корест, ки ҳаргиз накардааст. Ҷурме, ки собит намешавад, эъломияе, ки наметавон асос пайдо кард.

Вақте меомад, шояд гумон надошт, ки изофанависӣ ва азхудкунии сарват ин ҳоло оғози парвандаҳост ва дар паси ин иттиҳомоте назири ришва меистад, ки дар тасаввури ӯ шояд намеғунҷад. Аммо мақомот шояд далелҳое гирд овардаанд, ки ӯро мехоҳанд мот кунанд? Ҳамоно ин асрори тафтишот аст ва чун асрори азал берун аз долонҳои ожонсӣ муаммост.
Вақте бо пои худ меомад, гумон надошт боздошт мешавад. Мегуфт ӯро даъват мекунанд, қазияро шарҳ медиҳад ва худро сафед мекунад. Зеро аслан тибқи қавонайни ҳуқуқи башар шахсе, ки бидуни эълони ҷустуҷӯ ба пои худ омад, набояд боздошт шавад, зеро агар биме аз ҷурм медошт, хеле дур аз ватан буд ва чун шахси ба сиёсат талошкарда ба осонӣ метавонист сарпаноҳ ёбад. Вале омад, зеро гумондошт исбот мекунад ин ҳама асос надорад.

Шояд дар тасаввураш намеғунҷид, ки дар аввалин шаби вурудаш ба пойтахти кишвар мақомот дафтари кории ӯ ва хонаи хешовандонашро мавриди кофтуков қарор медиҳанд ва ҳазорҳо доллару таҷҳизоти компутарӣ ва ғарам-ғарам коғазҳои дафтардории ӯро чун далели шайъӣ бо худ мебаранд. Шояд намедонист, ки акнун мӯъҷиза ҳам наметавонад ӯро аз ин боздошт раҳо созад. Акнун рӯзҳову ҳафтаҳоро дар шумори айбу шаҳодати шоҳидон мегузаронад ва шояд боз даҳҳову аз он бештар варақ сиёҳ мекунад, то назарашро бинависад ва кӯшиш кунад собит созад, ки дар ин ё он ҷурм дасти ӯ пок аз гуноҳ аст.

Чунин аст сарнавишти як нафаре, ки эътимоди қавӣ ба покии худ дорад ва мегӯяд, ҳаргиз бо роҳи иштибоҳӣ молу сарват ғун накардааст. Аммо оё метавонад акнун ба ҳама чизе, ки Ожонсӣ ба он муттаҳам карданист, посух бигӯяд? Мо намедонем, мо аз ӯ дурем. Вале ҳамагон акнун ба як боваранд: агар Зайд Саид даст ба сиёсат намезад, боз солҳо касе аз Ожонсии фасоду додситонӣ кордор намешуд. Агар ин ҳама иттиҳомот қабл аз хабари таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» эълон мегаштанд, боваркарданӣ буд. Аммо ҳоло Ожонсӣ ҳам бо эълони ин ва боз даҳҳо ҷурми дигар наметавонад таваҷҷӯҳи мардумро аз олудагӣ ба сиёсат доштани парванда дигар сӯ кашад. Ҳарчанд такрор ба такрор хоҳанд гуфт: парванда алайҳи Зайд Саидов ба ибтикорот ва иқдомоти сиёсии ӯ иртиботе надорад.

Ҳоло, ки ӯ паси дарҳои бастаи боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор дорад, ҳазорҳо сокинони пойтахт, ки имрӯзҳо аз назди иншоотҳои назаррабои “Соҳибкорон”, “Пойтахт”, “Гулистон Тур”, “Душанбе плаза” гузар мекунанд, ба соддагӣ ҳам меандешанд, ки дар ин кишвар шояд даҳҳо тане ҳастанд, ки ободии як бино ҳам ба андешаашон намеояд, вале ин миллату ин ватанро ҳамвора ғорат мекунанд, пулҳои ғаниматро бо баргузории тӯйҳои пурдабдабаву шабнишиниҳои пур аз шаробу кабоб ба боди фано медиҳанд, вале инсонҳое мисли Зайд Саидов бо ҳама дидгоҳи пур аз муҳаббат ба халқу ватани худ ва созандагиву ободкорӣ дар зиндонанд.

Аз омаданаш як бурд кард: вай дар додгоҳ, дар тафтишот, дар назди Ваколатдори ҳуқуқи башар бо забони худ иброз дошт, ки бегуноҳ аст. Ва муҳимтар аз ҳама: вай ошкоро гуфт, ки боздошт ва ин ҳама гунаҳҷӯиҳо ва муттаҳамсозиҳо ангезаи сиёсӣ доранд. Омад ва гуфт, ки агар ғояи “Тоҷикистони нав” дар миён намебуд, ин мусибат ба сараш намеомад.
Оре, Зайд Саидов бо сарвате, ки дорад, метавонист орому осуда ва як зиндагонии пурнишоти хонаводагӣ дошта бошад ва ҳаргиз ғами сиёсату давлат накунад. Вале хост андешаҳои созандагиашро аз тариқи ташкили ин ҳизби сиёсӣ ҳамагонӣ кунад, шояд майдонро барои фаъолиятҳои бештар танг дид, шояд эҳсос карда агар ҳизб набошад, садояшро намешунаванд. Ва собит ҳам шуд, гӯши садошунав намондааст ва мебоист ин садороо маҳв мекарданд.

Ва ин навиштаро бо суханони шоираи озода ва шӯҳратманди тоҷик Гулрухсор хотима мебахшам: “Ду-се кас агар мисли Зайд медоштем ҳоло ин ватан бисёр обод мешуд. Ман хаёл намекунам, ки мо ҳамин қадар кордонҳо, ва соҳибкорҳои зиёде дошта бошем, ки бигирему қурбон кунем якерову ва яки дигарашро ба ҷои ӯ бимонем”.
Мӯҳр
darvesh
хама бис дар либоси хак кунанд даврон. Вале мардони хк дар таънаву зиндони.

Бегунохи хам гунохе будааст, Айби Зайд дар хайрхохи будааст.
Дар хакикт , гунохи Зайд Саидов ин аст, ки хайрхохи Ватану мардуми Точикистон аст. Вай мехохад, ки бо ватанпарастону хамфикронаш саъю кушиш варзад, ки мардуми зачрдидаи Точикистонро аз кашшокию камбагали, саргарднию гуломи, бесавоиву нодони ва нокомиву нобуди начот дихад. Барои амали кардани максадаш, ин шахси маъруфи Ватан хизби "Точикистони НАВ" ташкил дод. Лекин ба чои дастгирии рохбарону органхои кудратии Точикистон, баръакс зидди вай чанги идеологиву чинои эълон карданд. Аз сабаби набудани чурми дакики З.Саидов, вайро оргонхои кудрати бо тамоми чурмхои дар чахон мавчуднабуда гунахгор карданд. Хандаовар ин аст,ки ба ин чурм мухри "Махфи" доданду баъди як мох эълон карданд. Ин навъ чурмхо дар таърихи инсоният хеч вакт махфи набуданд ва дар оянда хам намешаванд. Мардуми шарифи Точикистон ин "дасиса"-ро (провокация) хуб дарк карданду барои хамин З. Саидовро кариб ки хама пуштибони мекунанд. Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки бо дастури душманони беруна, баъзе "шогирдони бовафои" Раиси Чумхури Точикистон дар арафаи пешазинтихоботи саъю кушиш варзиданд, ки ба вай хизмати хирсона кунанд... Афсус, бояд баръакс амал мекарданду ба ташкил кардани хизби нав хеч таваччух намекарданд ва одами бегунох- Зайд Саидов-ро мучрим эълон намекарданд.

Ширкати "ОРИМА" (соҳибаш Маъруф Орифов) аз байн рафт. Ширкати "МОВАРОУННАҲР" аз байн рафт. Акнун навбати ширкати Зайд Саидов омад. Банда комилан мутмаъинам ки, ӯро ба ташкили ҳизби "Тоҷикистони нав" (номаш дар гӯр. Ин миллату ин ҳукумат аз ҳар як чизи нав метарсанд) касе ё гурӯҳе таҳрик кардааст. Соддатар карда бигӯем, қазия ба ҷуз "провокатсия чизи дигаре нест. Маълум аст, ки ба касе ё ба гурӯҳе пулҳои ва бизнеси З. Саидов даркор аст. Ин аъмоли ноҷавонмардонаро "захват бизнеса законним путём" ёки "рейдерство" мегӯянд. Ин ҳам маълум будки, ҳизби "ТН" дар ин интихоботи президентӣ иштирок карда наметавонист. Пас ҳукумати Э. Раҳмон аз чӣ тарсид? Мо хоҳем, нахоҳем, Э. Раҳмон ин бор ҳам президент мешавад, ва шояд, бори дигар ҳам, то зинда аст. Чун гумоштаҳояш барои ин амр фаъолият нишон медиҳанд. Пас мушкилӣ дар чист? Дар он аст ки, Орифов, Охунов ва З. Саидов барин корчаллонҳои худод ба ин ҳукумат бовар карда, дар роҳи ободии кишвар арақи ҷабин рехтанд ва, дар ниҳоят ба доми ҳамин ҳукуматиҳо афтиданд. Хулоса ин аст ки, оё пас аз ин воқеъот касе мехоҳад ва ҷуръат мекунад, ки дар ин давлати ба ном Тоҷикистон, ба бизнеси калон бипардозад, яъне, даст бизанад. Гумон намекунам! Ман агар мешудам, "аз бало ҳазар" гӯён, фарсахҳо мегурехтам.

Оятуллох
Худоё ту худ мурокиби ин хама тухматхои бофта асти ва ту хакикатпарасту хакикатчуро дуст медори пас ин марди бузург ва хайрхохи ватанро аз дасти зуллом ва зулумоти паси панчара рахо кун амин

Симхои телефонро ки бурид? Зайд Саидов.
Точикистонро ки хароб кард? Зайд Садов.
Порахур кихоянд? Зайд Саидов.
Сангхои киматбахои Помирро хамаруза бо авлодаш ки медуздад? Зайд Саидов.
Заминхои Помирро ки бо Хитой фурухт? Зайд Саидов.
Дувуним милион халки точикро ба гуломии Россия ки равона сохт? Зайд Саидов.
ВВП-и Точикистонро ки баланд бардошт? Эмомали Рахмонов.
Аз кучо? Аз кисаи мухочирон

Оятуллох
Шуморам мисли р озоди як соат зора мекни ба мебароред маколаро кучо шуд навиштаи ма ё. Худтон мехонен тамом

Офарин! Вакте,ки маколаеро дар бораи сохибкори бомуваффаки точик Зайд Саидов мехонам, сарраваал ба сохибаш эътибор медихам. Дидам,ки автори маколаи тозанаишта як сохибкори одди будаст, гумон кардам,ки сухан дар бораи тичорат ва бегунохии огои Саидов меравад. Аммо баъд хайрон шудам, Не ин суханон аз забони як сохибкори одди набаромадааст, балки шоире ё нависандаи тачрибадору забардаст, ватандусту халкпарвар баромадааст!!! Ин андешахо аз дарди дили солимфикрони кулли мардуми Точикистон дарак медихад. Ташаккури зиёд аз шумо мухтарам огои сохибкор Сохиб Мачидов. Ман низ як шахрванди оддии Ватани азизам ба андешахои шоираи забардасти Чумхури Гулрухсор хамфикр мебошам, зеро ин марди хакчу гунахгор мебуд аз хорич ба ватан барнамегашт.

Офарин, агар як сохибкори мо чунин навишта бод! Халолаш бод! Курбонат))

Офарин! бисёрхам як кисаи таъсирбахш. Аз як сайт милиардерхои чахонро хондам ва бубинед,ки дигардавлатхо чигуна аз сарвадмандони кишварашон мефахранд, онхоро давлат дар зери химояи худ карордодаст, хамагуна хукукхояшонро, химоят мекунад ,аммо имруз ба кишвари мо бингаред чунин як марди гаюру далер,шояд поквичдону хакикатчу ва бунедкор дар зери зиндон.Иншоллох ин шахси бузург бегунохиашро исбод карда озод мешавад ва боз азпаси ободии кишвари бузургамон мегардад.Барояш аз Худои таъолло дуъо талабмекунем зуд аз зиндон озод шавад.Омин!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)