Тоҷике аз Амрико дар бораи Бозор Собир ва хавфи ӯ аз исломиҳо
Як хонандаи торнамои “Озодагон”, Носир Улмасзод, ки худро аз дӯстони Бозор Собир муаррифӣ кардааст, бо фиристодани 9 нома ба мо хоста, ки дар бораи ин шоири тоҷик китобе таълиф бишавад. Ба қавле, ӯ кони иттилоъ дар бораи Бозор Собир асту метавонад бидуни пардохти “гонорар” онро дар ихтиёри хабарнигорон бигузорад.
Оқои Улмасзод гуфтааст, солҳост, ки дар Амрико зиндагӣ дораду синнаш ҳам ба 77 расида ва ин номаҳоро бо як даст чоп мекунад. Ҳарчанд нуҳ номаи ӯ баъд аз сафари Бозор Собир ба Тоҷикистон навишта шудаанд, вале зоҳиран соҳиби нома аз бозгашти дӯсти худ ба ватанаш хабаре надошт.
Ӯ дар яке аз номаҳои худ менигорад, “Бозорҷон боз ба Душанбе рафтанист. Гуфтам, агар ҳукумат бо ту кордор нашавад ҳам, исломиҳо туро мекушанд. Ман тарсида будам, ки ӯ худро атеист эълон кард. Бозорҷон фикр карда монду гуфт, ки ҳа, исломиҳо ганда.”
Ба навиштаи ин хонандаи мо, ӯ аз дӯстони наздик ва ҳамдарси Темур Собиров, бародари Бозор Собир, буда, шаст сол боз бо худи шоир ҳам дӯстӣ доштааст. “Ман ҳамдарси акааш Темурҷон ҳастам. Мо дар як утоқи хобгоҳ зиндагӣ мекардем ва Бозорҷон пайваста ба пеши мо меомад. Лекин баъд аз он ки шоири маъруф шуд, ҳарчанд дар Душанбе будем, вале танҳо як бор дар ситоди Ҳизби демократ вохӯрдем. Ӯ аз он дар ҳайрат буд, ки ман ҳам узви ин ҳизб будам. Аз сабаби он ки одам зиёд буд, суҳбат карда натавонистем.”
Носир Улмасзод мегӯяд, дар оғози нооромиҳо чаҳор соат барои бозпурсӣ ба додситонӣ даъват шуда ва пас аз он ба Маскаву баъдан ба Амрико фирор намудааст. Оқои Улмасзод навишта, ки дар ватанаш барои ӯ ҳамагӣ панҷ доллар маоши бознишастагӣ таъин карда буданд, аммо ҳоло ӯ дар Амрико 700 доллар дарёфт мекунад ва танҳо як қисми он барои рӯзгузаронияш кофист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |