Дар як рӯз 264 000 тоҷик дар “Одноклассники” мечарханд
Масъулони шабакаи иҷтимоии “Одноклассники”, ки ҳоло дар Душанбе қарор доранд, гуфтанд, танҳо дар як рӯз беш аз 260 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба шабакаи онҳо медароянд. Ин иттилоъро Мария Лапук, сухангӯи “Одноклассники”, рӯзи 14-уми июн дар сӯҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” баён дошт.
Ин дар ҳолест, ки вариант ё шакли тоҷикии ин шабакаи иҷтимоии русӣ рӯзи ҷумъаи 14-уми июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”-и Душанбе муаррифӣ гардид. Барои нахустин бор аст, ки як шабакаи иҷтимоии русӣ варианти тоҷикии худро фаъол мекунад.
Мария Лапук, сухангӯи “Одноклассники” гуфт, то кунун интерфейси шабакаи иҷтимоии онҳо ба забонҳои англисӣ, украинӣ, қазоқӣ қирғизӣ ва узбакис ҳам тарҷумаву фаъол шудааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон се миллион нафар ба Интернет дастрасӣ доранд, ки аксари онҳо худро дар шабакаҳои иҷтимоии маъруфе, назири Фейсбук, Мой Мир, Однокласскники ва Твиттер номнавис карда, бо ҳам табодули аксу назар мекунанд.
Як сол пеш аз ин, “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ваъда дода буд, барои гирди ҳам овардани ҷавонони кишвар шабакаи иҷтимоии тоҷикиро таъсис медиҳад. Аммо бо гузашти як сол ин созмон эълом дошт, ки аз таъсиси чунин шабака даст бардоштааст.
Дар акс: Мария Лапук, сухангӯи шабакаи иҷтимоии “Одноклассники”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |