Орзуи Раҳмон ба Путин ва сокинони Русия
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як паём ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, тамоми мардуми ин кишварро бо Рӯзи қабули эъломияи истиқололияти кишварашон табрик гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикотияш аз ҷумла навишатааст: “Муҳтарам Владимир Владимирович, аз самими қалб Шумо ва тамоми мардуми Русияро бо Рӯзи қабули эъломияи истиқлолият табрик мекунам.”
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки тайи солҳои мустақилият Русия дар давлатдорӣ ва умури иқтисоду иҷтимоъ ба муваффақиятҳои калоне ноил гардидааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр кардааст, ки “мо сатҳи баланди ҳамкории мавҷуда миёни Тоҷикистону Русияро қадр мекунем ва омодаем муштаракан барои боз ҳам васеъ шудани ҳамкориҳо дар сатҳи дуҷонибаю бисёрҷониба талош кунем.”
Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки “муътақидам суръати баланди рушди ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Русия ба манфиати ҳар ду ҷониб ва тамоми минтақаи Осиёи Миёна аст.
Дар охир раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин саломатӣ ва муваффақият дар кори бомасъулияташ орзу карда, ба мардуми Русия бурдборию рушд хостааст.
Рӯзи 12-уми июни соли 1990 дар ҷаласаи нахустини вакилони мардумии Русияи сотсиалистӣ Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии ин кишвар қабул гардидааст, ки аз соли 1994-ум инҷониб дар сатҳи давлатӣ таҷлил мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |