Барои як сейф шаҳрванди Узбакистон дар Алмаато ду кӯдакро куштааст
Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон барои як сейфи пул шаҳрванди Узбакистон бо ду ҳамдасташ чор нафарро, бо шумули ду кӯдак куштааст.
Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Қазоқистон хабар медиҳад, ки «ҷасади зани 34-сола ва ду фарзанди 7 ва 3-солаи ӯро ҳамроҳ бо ҷасади як шаҳрванди 19-солаи Чин шоми дирӯз аз як манзил дар шаҳри Алмаато пайдо кардаанд».
Ба иттилои манбаъ, ҳамаи онҳо бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расидаанд: «Аз манзил сейфе рабуда шудааст, ки дохилаш 299 000 юан, воҳиди пули Хитой ва коғазҳои қиматнок будааст».
Ҳамон шаб гуруҳи фаврӣ-ҷустуҷӯии ВУД бо иттиҳоми анҷоми ин ҷиноят се нафарро боздошт мекунад. Яке аз онҳо шаҳрванди Узбакистон ва ду тани дигар зодаи пойтахти Қазоқистон будаанд.
«Тибқи фарзияи пешакӣ шаҳрванди 30 солаи Узбакистон бо соҳибхона ошноӣ дошта ва аз мавҷудияти сейфу пул ва ҷиҳози қиматбаҳо хабар доштааст. «Ин кушторро қотилон аз қабл тарҳрезӣ кардаанд»,-меафзояд манбаъ.
Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши он идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |