Малика ва Сабина Араловаҳоро дар 190 кишвари дунё меҷӯянд
Малика ва Сабина Араловаҳоро дар 190 кишвари дунё меҷӯянд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои пайдо кардани Малика ва Сабина Араловаҳо, ки ҳанӯз моҳи март дар Душанбе гум шудаанд, ба пулиси байналмилалӣ ё Интерпол муроҷиат кардааст.
Давлат Назаров, муовини сардори Хадамоти ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати умури дохилӣ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, феълан онҳо маълумот дар бораи Малика ва Сабинаро ба намояндагиҳои пулиси байналмилалӣ ба 190 кишвари дунё фиристодаанд. Ӯ изҳори ташвиш кард, ки бо вуҷуди талошҳои пайваста то имрӯз дар мавриди Малика ва Сабина ҳеч иттилои мусбат дастрас накардаанд.
Малика ва Сабина Араловаҳо рӯзи 25-уми март аз назди манзили зисти худ, дар наздикиҳои маркази савдои “Садбарг”-и Душанбе ғайб заданд. Ба ин қазия моҳи апрели соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳам дахл карда, онро аз ҷумлаи ҷиноятҳои доғдоркунандаи номи давлату миллат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзёбӣ кардааст. Ӯ аз сохторҳои қудратии кишвар даъват карда буд, барои пайдо намудани Малика ва Сабина, ду ноболиғи гумшуда дар Душанбе, чораҳои заруриро биандешанд.
Улуғбек Аралов, падари Малика, мегӯяд, бо вуҷуди нокомии мақомот барои пайдо кардани духтараш ҳанӯз умедро аз даст надодааст. Вай гуфт, барои ҷустуҷӯи духтараш тамоми талошашро хоҳад кард.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, шурӯъ аз соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон 95 ноболиғ нопадид шудаанд, ки мақомот 81 нафари онҳоро пайдо намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |