Беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ ба таҳсили ғайрирасмии динӣ машғуланд
Давлат Назаров, муовини сардори Хадамоти ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, “айни замон 202 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба таҳсили ғайрирасмии динӣ машғуланд”.
Номбурда афзуд, ки феълан масъулин дар талоши бозгардонидани ин ноболиғону ҷавонон ҳастанд: “Масъалаи мазкурро набояд содда гирифт, ин ташвишовар аст, ки ҷавонони мо дар хориҷ ба таҳсили ғайрирасмии мазҳабӣ машғуланд”.
Давлат Назаров мегӯяд, Хадамоти ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонони ВКД таҳсили ғайрирасмии 1823 шаҳрванди кишварро дар давлатҳои хориҷ ошкор карда буданд, ки зимни амалиёти вижа 1621 нафари онҳо баргардонида шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |