Искандари Рустам: Ҳадафи ман пирӯзӣ дар Универсиада аст
Ибодуллоҳи ТОҲИРПаҳлавони шинохтаи тоҷик Искандари Рустам, ки соли равон унвони устоди варзиши дараҷаи байналмилалиро соҳиб шуд, дар Осетияи Шимолӣ ба Универсиадаи шаҳри Қазон омодагӣ мебинад. Ин мусобиқа моҳи июли соли равон баргузор мешавад.
Хабарнигори «Озодагон» бо Искандари Рустам тавассути интернет суҳбате дошт ва нахуст аз тамринҳояш дар Осетияи Шимолӣ пурсид.
Искандари Рустам: “Дар Осетияи Шимолӣ зери роҳбарии устод Казбек Дедегкаев, мутахассиси осетинӣ тамрин мекунам”.
Озодагон: Барои тамрин дар берун аз марзи Тоҷикистон кӣ мусоидат кард?
Искандари Рустам: “Ман пеш аз ҳама ба масъулини «Ориёнбонк» минатдории худро баён мекунам, ки дар бозиҳои Олимпии Лондон ба ман кумак расонд. Аммо ҳоло сарпарасте надорам. Танҳо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон як миқдор маблағ ҷудо кард, то ин ҷо тамрин кунам. Ба онҳо ҳам ташаккур мекунам, ки маро дастгирӣ мекунанд”.
Озодагон: Ба наздикӣ дар ягон мусобиқа ширкат доштед ва чӣ натиҷа ба даст овардед?
Искандари Рустам: “Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод, ки дар пойтахти Ҳиндустон баргузор гардид, дар вазни то 96 кило ҳамаи рақибонамро шикаст дода, ба финал баромадам. Аммо дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири Кореяи Ҷанубӣ Ҷей Ганг Ким шикаст хурда, медали нуқраро соҳиб шудам”.
Озодагон: Дар вақтҳои холӣ ба чӣ кор машғул мешавед?
Искандари Рустам: “Ҳозир рости гап вақти зиёде ҳам надорам. Ҳар рӯз машқ дорам, мехоҳам дар Универсиада натиҷаи хуб нишон диҳам».
Озодагон: Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?
Искандари Рустам: “Баъд аз Универсиада боз тамрин ва омодагӣ барои чемпионати ҷаҳон, ки дар Маҷористон мегузарад. Насиб бошад, барои ин мусобиқа дар шаҳри Владикавказ тамрин мекунам. Аммо ҳоло чизи аввалиндараҷа иштироки хуб дар Универсиада мебошад».
Озодагон: Аз чандсолагӣ ба варзиш машғулед?
Искандари Рустам: “Аз сини 12 солагӣ. Маро тағоям-Анвар ба толори варзишӣ мебурд. Баъд дар толори варзишии “Ҷасорат” таҳти мурабигии Дилшод Файзов тамрин мекардам, ки ӯро аввалин устодам медонам. Баъдан таҳти роҳбарии Фарух Буриев машқ мекардам ва ҳоло ҳам вақте ба Кӯлоб меравам бо ҳамин устодонам тамрин мекунам.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |