Шумораи нахустини “Рӯзгор”-и Султони Ҳамад чоп шуд
Шумораи нахустини нашрияи тозатаъсиси “Рӯзгор” имрӯз, 5-уми июн, дастрасӣ хонандагон гардид.
“Рӯзгор" нашрияи нави фарҳангию иҷтимоист, ки дар ҳаҷми 16 саҳифа чоп шуда, фарогири матолибе зери унвони “Бишканад дасте, ки бозуи заифон шиканад”, “Ҳабибулло Абдураззоқов: айб дар тамошобин не, дар театрҳост”, “Буҳрони Афғонистон ва заволи Осиёи Марказӣ”, “Бозор Собир: Дубора созамат ватан” ва “Никоҳи хешутаборӣ танҳо мушкили Тоҷикистон нест” мебошад.
Муассиси ин нашрия Султони Ҳамад, муҳаққиқ ва рӯзноманигори маъруфи Тоҷикистон, мебошад, ки ҳамзамон асосгузори торнамое бо ин ном ҳаст. Ба гуфтаи Султони Ҳамад, ин нашрия чанд сол қабл таъсис ёфтаву сабти ном гардида буд, аммо ба хотири камбуди молӣ ва потенсиали корӣ дар вақти муайянгардида роҳандозӣ нашуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |