Ҳеч гап намешуд, агар президент мегуфт: БУБАХШЕД!
Имсол соли интихоботи раёсати ҷумҳур дар Тоҷикистон аст.
Бозиҳои сиёсӣ, ваъдаҳои сиёсӣ, фиребҳои сиёсӣ, мардуми шарифи Тоҷикистонро “мепечонад”.
Ваъдаҳо дар бораи доимӣ шудани нерӯи барқ, ваъдаҳо дар бораи баланд бардоштани маош, дар бораи бо кор таъмин кардани мутахассисони болаёқату ҷавон...
Дар бораи ин ваъдаҳо, як каме баъдтар, Худо хоҳад, менависам. Ҳоло танҳо ҳаминро гуфтаниям, ки ҳукумат аз аввал то ба ҳол ягон ваъдаи додаи худро ба таври бояду шояд иҷро накард, ки накард.
Акнун, бигзарем сари мавзӯъ. Набард. Набардҳои сиёсӣ.
Ваъдаи сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи шаффоф гузаштани интихоботи президентӣ.
Кашида гирифтани Ҳизби демократ аз Масъуд Собиров, роҳбари пешини он.
Латукӯби Маҳмадалии Ҳаит, ҷонишини роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ.
Фишор ба рӯҳониёни маъруфи кишвар, бахусус оилаи Тӯраҷонзодаҳо.
Ташкилёбии ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”.
Баъд аз чандин сол якбора мусоҳиба додани собиқ сарвазири Тоҷикистон, Абдумалик Абдуллоҷонов, ва боздошту раҳоии ӯ.
Надодани раводид (виза) барои иштирок дар ҷашни чилсолагии ҲНИТ ба фарзанди Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ раисҷумҳури Афғонистон.
Эълони ташкил шудани ҳизби “Тоҷикистони нав” аз тарафи тоҷири муваффақ, Зайд Саидов ва боздошти ӯ.
Даргириҳии нерӯҳои давлатӣ бо мухолифони мусаллаҳ дар Бадахшон.
Фишорҳои зиёд болои расонаҳои мустақил...
Ин ҳама набардҳои сиёсие буданд, ки дар соли интихоботи прзидентӣ ба амал омаданду аз онҳо аҳолии кишвар бохабар ҳастанд. Бар замми ин ҳама набардҳои ошкор, боз набардҳову таҳдидҳои пинҳонӣ ҳам ҷой доштанд, ки лозим нест онҳоро инҷо ҳамчун мисол биоварам. Танҳо ҳамин қадарашро менависам, ки таҳдидҳо болои ҳатто оилаҳои рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон низ имсол ҷой доштанд.
Моҳи ноябри соли равон интихоботи президентӣ баргузор хоҳад шуд.
Табиист, ки ҳукумат ва роҳбарияти он барои нигоҳ доштани ҳокимият кушишҳо кардаву мекунанд. Ва ин як иқдоми хуби сиёсӣ ҳам ҳаст. Аз ҷумла, вохӯрии охирини президент кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷавонон, бо хароҷоти зиёд.
Ман аз чунин вохӯриҳо хушам меояд ва тарафдор ҳам ҳастам. Аммо интзории ман, ҳамчун як намояндаи насли ҷавони кишвар, бароварда нашуд. Интизор будам, ки президент аз ин вохӯрӣ истифода карда, аз мардуми шарифи Тоҷикистон як бор, танҳо як бор бахшиш мепурсид, ки халқи азизам, ҷавонони гиромӣ, маъзарат, ки мо на ҳама ваъдаҳои додаи худро иҷро кардем, чун мо ҳам мушкилиҳои зиёд дорем.
Ин номардӣ намешуд, ин оҷизӣ намешуд, баръакс, меҳри мардумро нисбати худ зиёд мекард. Бахшишпурсӣ ва ё гиря кардани наттоқонро то ба имрӯз мардуми ҷаҳон хуш қабул кардаанд.
Халил ҚАЮМЗОД
PS: Ин навишта нигоҳи шахсии муаллиф аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |