Теҳрон мизбони конфронси байналмилалии Сурия хоҳад шуд
29-уми май дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи Сурия баргузор мешавад.
Хабаргузории «Форс» менависад, ки дар кори ҳамоиш намояндаҳои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои расонаҳо неруҳои давлатии Сурия дар набардҳои шаҳри Алқасир раҳбари гурӯҳи ҷиҳоди такфирии ҷабҳаи Алнасраҳро, ки шохаи созмони террористии “Ал қоида» дар Сурия ба шумор меояд, ба қатл расондаанд.
Манбаъ менависад, ки «бино ба эътирофи яке аз дипломатҳои сафорати Англия дар Димишқ беш аз 60 дар сади силоҳҳое, ки дар соли аввали буҳрони Сурия барои гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи мустақар дар манотиқи марказӣ ва ҷанубӣ ирсол шуд, аз минтақаи Алқасир ва рустоҳои артофи он вориди Сурия шудаанд».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |