Додситонӣ номи 4 зани Зайд Саидовро эълон кард (АКС)
Додситонии шаҳри Душанбе бо пахши як иттилоия хабар дод, ки рӯзи 11 майи соли 2013 бо моддаи 170-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои серзанагӣ, алайҳи Зайд Саидов, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассосиатсияҳои соҳибкории кишвар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Додситонӣ мегӯяд, мувофиқи маълумоти мавҷуда, Саидов Зайд дар як вақт бо чор зан зиндагонӣ менамояд, ки ин хилофи меъёрҳои умумибашарии тамаддунӣ мебошад.
Ин ниҳод меафзояд, ки Саидов аз зани аввалааш – Тоҳирова Латофат, соли таваллудаш 1962, соҳиби 5 фарзанд, аз зани дуюмаш – Юнусова Фирӯза Муҳамадиевна, соли таваллудаш 1966, соҳиби 3 фарзанд, аз зани сеюмаш – Аминова Парвина, соли таваллудаш 1982, соҳиби 2 фарзанд буда, зани чорумаш – Орлова Марина Сергеевна, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Курски Федератсияи Россия мебошад. Барои серзанагӣ қонунгузории Тоҷикистон ду соли маҳрумият аз озодӣ ва ё ҷарима дар ҳаҷми то 80 ҳазор сомониро пешбинӣ кардааст.
Ҳамин тариқ дар ҳоле, ки Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” шаби 10-уми май ба хориҷа рафтааст, мақомоти Тоҷикистон, рӯзи 11-уми май аз ифтитоҳи ду парванда алайҳи ӯ бо иттиҳоми бисёрзанӣ ва изофанависӣ хабар дода, хонаи ӯро бозҷӯӣ ва аҳли хонаводааш, аз ҷумла атфолро барои бозпурсӣ ба додситонӣ бурдаанд. Худи Саидов, ки ҳамчунин раиси Федератсияи тенниси рӯи мизии Тоҷикистон ҳаст, айни ҳол дар садри дастаи теннисбозони кишвар дар шаҳри Пориси Фаронса қарор дорад ва ин чанд аксест, ки зимни сафарашон гирифта шудаанд: