Амрико аз Максим Боқиев даст кашид
Амрико аз иддаояш дар мавриди истирдоди Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури пешини Қирғизистон аз Британия сарфи назар кард.
Расонаҳои хабарӣ аз қавли додгоҳи шоҳигарии Британия ва Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико навиштаанд, ки мақомоти ин кишвар дар ҳоле аз иддаои худ даст кашидаанд, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи Максим Боқиев қатъ карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Роберт Нардоза, котиби матбуотии додситони Бруклинаи шаҳри Ню-Йорк низ дасткашидани мақомоти амрикоӣ аз талаби худро танҳо ба хотири қатъи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Боқиев арзёбӣ карда, аз додани тавзеҳоти бештар худдорӣ намудааст.
Максим Боқиев баъди суқути давлати падараш дар натиҷаи ошӯбҳо дар моҳи апрели соли 2010 тарки Қирғизистон кард. Ӯро дар ин муддат ду дафъа дар Лондон дастгир, вале ҳарду дафъа дар баҳои васиқа раҳо карданд. Боздошти дувуми ӯ марбут ба як парвандаи тахаллуф дар Амрико буд ва интизор мерафт, рӯзи 13-уми май, масъалаи истирдодиаш ба Амрико баррасӣ шавад.