Мақомот таҳдидгарони З.Саидовро миёни шариконаш меҷӯянд
Ҳумайрои БАХТИЁР
Мақомоти амният ва умури дохилии Тоҷикистон ба кофтукови таъқибгарони Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби "Тоҷикистони нав" оғоз кардаанд.
Зайд Саидов, ки ҳамчунин аз муваффақтарин соҳибкорони тоҷик аст, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, мақомот ӯро имрӯз, 10-уми май, барои гирифтани баёнот даъват карданд: “Мақомот аз ҷумла пурсиданд, ки оё аз шахс ё гуруҳе гумонбар ҳастам ё на. Ҷавоб додам, ки то имрӯз тамоми фаъолияти худро дар доираи қонун ба роҳ мондаам ва ҳамаи уҳдадориҳое, ки дар доираи шартномаҳо назди шарикони ҳамкорам дорам, иҷро кардаам. Бино ба ин фикр мекунам, таъқибгарони аз миёни ҳамкорону шарикони тиҷориям нестанд.”
Саидов афзуд, ки баъди қарораш дар мавриди таъсиси “Тоҷикистони нав” атрофиёнаш ба ӯ ҳушдор дода буданд, ки гуруҳҳои алоҳида метавонанд аз ин тасмимаш сӯиистифода бикунанд ва тавассути шиорпартоиҳо вазъи кишварро ноором кунанд: “Вале ман мутмаин месозам, ки ҳеч вақт ҷонибдори иғвою нооромӣ набудам. Табиати ман ором буда, беҳбудии ҷомеа ва кишварро мехоҳад. Ҳадафи ман танҳо рушди босуботи кишвар аст.”
Саидов ҳамчунин аз ҳамкоронаш, ки алайҳи ӯ ҳамчун раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии асоссиатсияҳои соҳибкорон изҳорот имзо кардаанд, интиқод намуд: “Ба ман занг зада гуфтанд, ки таҳти фишор як изҳоротеро имзо кардаанд, ки дар он истеъфои ман аз симмати раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ талаб карда мешавад. Аз як тараф онҳоро дарк мекунам, аммо муътақидам, ки ҳар як шахс ва соҳибкор бояд фикри мустақили худро дошта бошад. Ҳар яки онҳое, ки алайҳи ман изҳорот имзо кардаанд, пештар худашон пофишорӣ карданд, то ман роҳбарии Шӯроро ба уҳда гирам.”
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиaтсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, рӯзи 6-уми апрел аз таъсиси ҳизби наве бо номи "Тоҷикистон нав" хабар дода, афзуд, ки талошҳояшон барои ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии кишвар равона хоҳанд шуд.
Аммо имрӯз, 10-уми май ташаббускорони ин ҳизби то ҳол сабтиномнашуда, як ҷаласаи изтирориро баргузор намуда, аз таъқибу таҳдид ба ҷону моликияти роҳбарашон Зайд Саидов хабар доданд. Маҳмудҷон Қосимов, як аз ташаббускорони “Тоҷикистони нав” гуфт, ки баъди эълони таъсиси ҳизби нав ба унвонии Зайд Саидов пайёмакҳое расидаанд, ки дар онҳо аз ҷумла таъкид шудааст, “агар ӯ аз таъсиси ҳизб даст накашад, ба ҳалокат хоҳад расид.” Дар матни паёмак инчунин баъзе таҳқирҳое омадаанд, ки Қосимов аз ифшои онҳо худдорӣ кард.
Қосимов таъкид намуд, ки ахиран мақомоти тоҷик тафтишоти корхонаю ширкатҳои Зайд Саидовро пурзӯр намудаанд ва ин ҳам ба таъсиси ҳизби сиёсӣ аз ҷониби ӯ марбут дониста шудааст. Ӯ тавзеҳ дод, ки ҳадафи “Тоҷикистони нав” на иштирок дар интихоботи президентӣ, балки ширкат дар интихоботи парлумонӣ мебошад: “Мо дарк мекунем, ки барои таъсиси ҳизб каме фурсати номуносиб интихоб шудааст, чун дар арафаи интихобот вазъ ҳассос аст. Аммо мо аз ин иқдоми худ даст нахоҳем кашид. Гарчанде то ин андоза пеш омадани мушкилотро интизор набудем.”