Карзай бар ивази мустаққар кардани пойгоҳи низомӣ аз ИМА кафолати амният мехоҳад
Афғонистон ба Иёлоти муттаҳидаи Амрико танҳо дар сурате иҷозаи мустаққар намудани 9 пойгоҳи низомӣ дар қаламравашро медиҳад, ки Вашингтон ба Кобул кафолати таъмини иқтисоди босубот ва амниятро бидиҳад. Ин нуктаро Ҳомид Карзай, райисҷумҳурни Афғонистон изҳор доштааст.
Карзай зимни суханроние дар ҷашни 80 солагии Донишгоҳи Кобул гуфта, ки «ИМА мехоҳад, пойгоҳҳои низомияшро дар Кобул, Багром, Мазори Шариф, Ҷалолобод, Гардез, Қандаҳор, Ҳилманд, Шиндод ва Ҳирот ҳифз кунад». Ба гуфтаи ӯ ҳоло дар ин масъала музокирот идома дорад.
Радиои «Салом Ватандор» аз нақли Ҳомид Карзай хабар додааст, ки Афғонистон мехоҳад бар ивази мустаққар кардани пойгоҳҳои низомӣ аз Амрико кафолатҳоеро барои рушди бахшҳои иқтисод ва амният ба даст биёрад.
Тибқи хабарҳои расида, ҳукумати ИМА тасмим дорад, баъди соли 2014 аз 2,5 то 12 ҳазор сарбозашро дар қаламрави Афғонистон нигоҳ дорад. Гуфта мешавад, онҳо бо аъзои «Ал-Қоида» мубориза бурда, ҳамчунин низомиёни артиши миллии Афғонистонро омӯзиш хоҳанд дод.