U-19: Бозии тимҳои Тоҷикистону Қувайтро 50 кас тамошо кардааст
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё бо мунтахаби ҷавонони Қувайт бозии санҷишӣ анҷом дод.
Ин дидор, 9-уми май дар варзишгоҳи “Казма”-и Қувайт баргузор ва мусовӣ-0:0 анҷом ёфт. Бозиро ҳамагӣ 50 нафар тамошо кардааст. Мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон фардо, 11-уми май боз як дидори дӯстона бо ҳамсолони араби худ анҷом медиҳанд.
Дар бозии рӯзи гузашта мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати зер ба майдон баромад: Эмомалӣ Сониев (Дилшод Дадобоев, 46), Анвар Ҳамроқулов, Самандари Хайриддин, Фирдавс Чақалов, Ҷахонгир Алиев (Муҳсиндҷон Парпиев, 80), Сиёвуш Муҳсинов (Алишер Ҷураев, 70), Зокир Иброҳимов, Вайсиддин Сафаров (сарвари даста), Комрон Турсунов (Зайниддин Сафаров, 80), Меҳроҷиддин Музаффаров (Суннатулло Холов, 61) ва Салимҷон Умуров (Дилшод Расулов, 65).
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё ба гурӯҳи “D” шомил шуда, тирамоҳи соли равон дар шаҳри Теҳрон бо тимҳои Эрон, Арабистони Саудӣ ва Лубнон қувваозмоӣ мекунад.
Ғолибони 9 гуруҳ ва 6 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба сабқати ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-19), ки моҳи октябри соли 2014 дар Мянмар доир мегардад, роҳхат мегиранд.