Велосипедсавори 9-сола қурбони беэҳтиётии ронанда шуд
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, сониҳаи нақлиётӣ дар шимоли Тоҷикистон мунҷар ба марги дучархарони ноболиғ гардид.
Ба иттилои ин ниҳод ронандаи автомашинаи тамғаи “Даймлер-Крейслер”, рақами давлатиаш ЕН 30-04 РТ 02, Раҳматҷон Бобокалонови 21-сола, сокини шаҳраки Ғончӣ, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Қалъачаи Азими ҷамоати деҳоти Газантарак бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, Меҳмон Ҷумаеви 9-сола, хонандаи синфи 2-юми мактаби таҳсилоти умумии №38-ро, ки дар канори рости роҳ ҳаракат мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа дучархарони ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.