Президент имрӯз ба театри Опера ва балет меравад
Имрӯз, 10-уми май, ба муносибати Иди шашмақом дар бинои театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе консерт баргузор мегардад, ки дар он президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард.
Тавре Мирзоалӣ Олимов, сардори маркази матбуотии Вазорати фарҳанг ба “Озодагон” иттилоъ дод, ҳунармандони кишварҳои Озорбойҷон, Чин, Афғонистон, Академияи мақоми Тоҷикистон, Ансамбли шашмақоми Кумитаи телевизион ва Радио дар ин чорабинӣ ширкат меварзанд.
Ба гуфтаи манбаъ айни ҳол дар бинои Вазорати фарҳанг симпозиюм бахшида ба “Рӯзи шашмақом” бо иштироки меҳмонон ҷараён дорад ва фардо низ аз соати 8-00 симпозиюми мазкур ба кори худ идома хоҳад дод.
Консерти идона инчунин дар Донишкадаи санъат, Консерватория миллӣ ва 12-уми май дар Филормонияи давлатӣ барпо хоҳад шуд. Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 12-уми май ҳамчун “Рӯзи шашмақом” таҷлил мегардад.