Мураббии хориҷӣ бозии “Хайр”-ро дида, “дум хода кардааст”
Худодод Азизӣ, яке аз ситораҳои собиқи футболи Эрон, ки чанд моҳ қабл бо даъвати дастаи “Хайр”-и Ваҳдат ба Тоҷикистон омад ва қарор буд, ки сармураббии ин тим шавад ба Эрон баргашта дигар наомадааст.
Баҳриддин Мирзоев, сарвари дастаи “Хайр”, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Худодод Азизӣ барои шиносоӣ бо дастаи “Хайр” як муддат дар Тоҷикистон қарор дошт ва пас аз тамошои як бозии тими “Хайр” аз Тоҷикистон рафтааст ва далели ин қарорашро шарҳ надодааст: “Худодод Азизиро дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат як маротиба дидам. Баъдан фаҳмидем, ки ӯ хапу хомӯш рафтааст.”
Юсуф Абдуллоев, ки чанд муддат сармураббии дастаи лигаи олӣ-“Хайр”-и Ваҳдат буд, ахиран бо далели натоиҷи ғайриқаноатбахши даста дар оғози мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи Олӣ аз вазифааш барканор карда шуд.
Ин даста дар се бозии аввали мусобиқаи қаҳрамонии имсола дар як бозӣ пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ ва як бозии дигарро бохтааст. Дастаи “Хайр” феълан бо 4 имтиёз дар зинаи 7-уми ҷадвали мусобиқа қарор дорад.
“Хайр”–“Панҷшер” 2:0
“Вахш”–“Хайр” 1:1
“Хайр” – “Истиқлол” 1:3
Тими Хайр”-и Ваҳдат, рӯзи 12-уми майи соли равон таҳти раҳбарии Исроил Идиев, капитан ва иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста дар майдони худ бо дастаи “Энергетик”-и Душанбе ба сабқат мебарояд.