Додгоҳи Олӣ ҳукми Шерику Димонро бе ҳузури адвокатҳо эълон кард
Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шерик Кармхудоев ва Димон Ашӯров, ду сокини шаҳри Хоруғро, ки тобистони соли гузашта боздошт шуда буданд, мувофиқан барои 14 ва 12 сол равонаи зиндон кардааст.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи Димон Ашӯров хабар дода, афзуд, ки ин ҳукм бе ҳузури адвокатҳо эълон шудааст: “Раисикунандаи мурофиа ба мо гуфта буд, ки ҳукмро рӯзҳои ҷумъа ё душанбе эълон мекунад. Ӯ ин номуайяниро ба фикрам барои он роҳандозӣ кард, ки вакилони дифоъ натавонанд, ҳангоми эълони ҳукм ширкат дошта бошанд. Барои он ҳузури моро ҳангоми эълон ҳукм намехост, ки ба фикрам агар мо онҷо иштирок медоштем, қозӣ худро нороҳат ҳис мекард. Ӯ наметавонист ба чашми мо нигоҳ карда, ин ҳукмро эълон кунад.”
Шуҳрат Қудратов афзуд, ки баъди гирифтани нусхаи ҳалномаи Додгоҳи олӣ дар мавриди шикояти кассатсионӣ ба марҳилаи болотари додгоҳ қарор қабул хоҳанд кард.
Вакилони дифои Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев, ду сокини шаҳри Хоруғ, ки тобистони соли гузашта зимни амалиёт дар Бадахшон боздошт шудаанд, аз Додгоҳи олӣ дархост намудаанд, ки зерҳимояашонро «сафед» намоянд.
Файзи Олӣ, вакили мудофеи Шерик Карамхудоев, рӯзи 10-уми май дар сӯҳбат бо «Озодагон» гуфт, Димон ва Шерик ҷинояте содир накардаанд ва он ҷабрдидаҳое, ки ба парванда ҷалб шудаанд, ба зерҳимояҳояшон ягон дахле надоранд. Файзи Олӣ афзуд, ки дар ҳодисаҳои тобистони соли гузашта дар Хоруғ ҳазорҳо нафар иштирок карданд ва он эътироз маҳсуб меёбад, на ҷинояти индивидуалӣ ё инфиродӣ. Дар ин сурат ба гуфтаи вакили мудофеъ агар Димону Шерик маҳкум шаванд бояд ҳамаи 10 ҳазор эътирозгари Хоруғ ҷавоб гӯянд, ки ягонтояшон ҷинояткор нестанд.
Айбдоркунандаи давлатӣ барои Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев мутаносибан 13 ва 15 соли зиндон талаб кардааст. Ин ду сокини Хоруғ дар ҷиноёти вазнине амсоли «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ», «бетартибиҳои оммавӣ», ва «истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат» айбдор мешаванд.
Димон Ашӯров, яке аз афроди наздик ба Имомназар Имомназаров, собиқ пешвои ғайрирасмии Бадахшон арзёбӣ мешавад, ки тобистони соли гузашта, зимни амалиёти мақомоти қудратӣ дар Хоруғ боздошт гардид. Мавсуф бо гумони қаллобӣ боздошт шуда буд, аммо аз ошёнаи дуюми бинои Раёсати корҳои дохилии вилоят худро партофта, ба беморхона афтид. Моҳи ноябри соли гузашта аз беморхона дар Хоруғ фирор карда, барои табобати пойҳояш ба шаҳри Урумчии Чин рафта буд. Аммо тибқи созишномаи Тоҷикистону Чин моҳи январи соли равон ба Душанбе истирдод шуда то ин муддат дар боздошгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ қарор дорад.
Шерик Карамхудоев, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 24 июл, дар ҷараёни амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар маркази Бадахшон боздошт шуда буд. Баъди боздошти Карамхудоев, Шерхон Салимзода, додситони куллӣ Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, “вақте Карамхудоев дастгир карда шуд аз ӯ як автомат, як граната, ду магазин бо тирҳояш мусодира карда шуд”.