Мактаббачаҳои қазоқ аз ҳама бештар хоб мераванд
Мактаббачаҳои қазоқ дар қиёс ба дигар хонандаҳои мактабҳо дар ҷаҳон хоби бештар мераванд. Ба ин хулоса пажуҳишгарони колеҷи Бостон расидаанд.
Муҳаққиқони ин колеҷ баъди назарпурсие миёни беш аз 900 ҳазор мактаббача аз 50 кишвари ҷаҳон, ба ин натиҷа расидаанд, ки камхобӣ ба сатҳи дониш ва фаъолнокӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Пажуҳишгарон гуфтаанд, кӯдакон дар кишварҳои пешрафта бештар камхобӣ мекашанд ва сабаби онро ба дастрас будани телефонҳои мобилӣ ва компютер рабт додаанд.
Чад Минич, як корманди маркази ҷаҳонии омӯзиш гуфтааст, ки «мо таъсири хобро нодида мегирем. Маълумотҳои мо нишон дод, ки кӯдаконе, ки вақти заруриеро барои хоб сарф мекунанд, дар фанҳои риёзӣ ва хониш муваффақтаранд".
Аз ҳама бештар мактаббачаҳо дар ИМА камхобӣ мекашидаанд. Ба гуфтаи пажуҳишгарон 73 дар сади кӯдакони 9-10-сола ва 80 дар сади 13-14-солаҳо ба мушкили камхобӣ мувоҷеҳанд. Мактаббачаҳои Зеландияи Нав, Арабистони Саудӣ, Австралия, Англия, Ирландия, Финляндия ва Фаронса низ чунин мушкил доштаанд.
Аммо дар садри рӯйхати мактаббачаҳое, ки хоби зиёд мекунанд, Қазоқистон нишастааст. Танҳо 12 дар сади пурсидашудаҳо аз ин кишвар гуфтаанд, ки камхобӣ мекашанд. Озорбойҷон, Словакия, Чехия ва Ҷопон низ ба қатори кишварҳое шомил шудаанд, ки хонандаҳои мактаб вақти зарурӣ барои хоб доранд.