Беқурбшавии пул дар Тоҷикистон ба 1,4% расид
Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ беқурбшавии пул ё таваррум дар Тоҷикистон 1,4 фоизро ташкил дод. Дар ин бора Бонки милии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Тоҷикистон моҳи апрели соли ҷорӣ беқурбшавии пул дар бахши истеъмолӣ 0,2 фоизро ташкил дода, моҳи январ-апрели соли 2013 ба 1,4 фоиз расидааст. Ба иттилои Бонки милии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2012 то ҳамин моҳи соли ҷорӣ сатҳи беқурбшавӣ ба 5,9 фоиз расидааст.
Бонки милии Тоҷикистон сатҳи беқурбшавӣ ё худ таваррумро дар соли 2013 9 фоиз пешбинӣ кардааст.