Дар Русия мотами умумимилӣ эълон шуд
Дмитрий Медведев, президенти Русия тибқи як қарори вижа 12 июлро Рӯзи мотами умумимиллӣ эълон кард.
Чунин тасмим ба хотири гиромидошти фавтидагони садамаи киштии сайёҳии «Булгария» гирифта шуд. Ин киштӣ чанд рӯз қабл дар рудхонаи Волга, дар Тотористон ба қаъри дарё нишаст. Дар пайи ин ҳодиса теъдоди зиёди сайёҳон, аз ҷумла кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Дмитрий Медведев зимни ҳамоиши оҷилие дар шаҳри Горкий изҳор дошт:
-Дирӯз садамаи даҳшатангезе рух дода, ҷони чандин нафарро рабуд. Мо ба ҳамаи ақрабои фавтидагон изҳори ҳамдардӣ мекунем. Ман тасмим гирифтам, ки рӯзи 12 июлро рӯзи мотами умумихалқӣ эълон дорам.
Дар ҳамин ҳол вазорати ҳолатҳои изтирории Русия эълон доштааст, ки кишти 208 сайёҳро мебурд. Ин рақам аз теъдоди нафароне, ки мебоист дар киштӣ мебуданд, 25 нафар зиёд аст, гуфтааст вазири ҳолатҳои фавқуллода Сергей Шойгу. Аз кадом тариқ онҳо ба киштӣ бе роҳхат роҳ ёфтаанд, таҳқиқ карда мешавад.
Тибқи иттилои расмӣ 13 нафар фавтида, 80 тани дигар наҷот дода шудаанд. Аммо тақдири сайёҳони дигар ва сарнишинони киштӣ то ҳол номаълум боқӣ мондааст. {jathumbnail off}