Чор голи бепосухи “Равшан” бар “Парвоз”
Тими “Равшан”-и Кӯлоб дар рӯзи Иди ғалаба бар дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ғолиб омад.
Ин бозии мавқуфгузоштаи даври чоруми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон буда, бо иштироки 12 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб баргузор гардид.
Абдусамад Ҳоҷибаев, бозигари дастаи мизбон, дар дақиқаи 20-уми дидор голи нахустинро ба дарвозаи ҳарифон ворид намуда, ҳисобро кушод: (1:0). Бозигари дигари дастаи “Равшан”, Нуъмон Ҳакимов, дар ин сабқат ду гол ба ҳадаф расонид: дақиқаи 44-ум (2:0). 47 (3:0). Голи охиронро Индус Ҳусейнзода дар дақиқаи 78-ум вориди дарвозаи меҳмонон намуд. (4:0)
Ин бозиро Баҳром Саъдуллоев (аз Қӯрғонтеппа) доварӣ кард. Умед Раҳимов, Сайвалӣ Турдиев (ҳарду аз Қӯрғонтеппа) доварони кунҷӣ буданд. Довари эҳтиётӣ: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа) ва нозири бозӣ: Султон Қосимов (Душанбе) буданд.
Имрӯз, 10-уми май, дастаҳои “Истаравшан” ва “Регар-ТадАЗ” дар бозии мавқуфгузоштаи даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ба сабқат мебароянд.
Довари асосӣ: Рустам Холов (Душанбе).
Ёварони довар: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон), Ҳабибулло Нарзуллоев (Ҳисор).
Довари эҳтиётӣ: Носирджон Мансуров (Бободжон Гафуров).
Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).