Эшони Маҳмудҷон дар бораи фурӯш ва тақдими узвҳои бадан
Маҳмудҷон Тураҷонзода, маъруф ба Эшони Маҳмудҷон фурӯхтани узви бадан ё худ гурдаро ҳаром донистааст.
Эшони Маҳмудҷон дар ин бора дар посух ба яке аз хонандаҳои торнамо ё сайти хонаводагии оли Тураҷон, turajon.org, ҳарф задаст. Ӯ гуфта, ки фурӯхтани узви бадани худ ё шахси дигар ҳаром аст, вале тавзеҳ додааст, "агар нафаре ба хотири кӯмак кардан ба бародари мусалмони худ гурдаашро диҳад ва ба соҳибаш зараре надошта бошад, боке надорад. Зеро ин ба хотири дур кардани ғам аз сари ӯ мебошад ва аз зумраи корҳои хайр ба шумор меравад, ки подоши бузурге хоҳад гирифт.”
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз Шӯрои уламои кишвар хоста буд, дар мавриди гирифтани аъзои бадани ашхоси тозафавтидагон дидгоҳи худро аз назари шаръӣ иброз намояд. Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон аввали соли равон аз рӯҳониёну зиёиён даъват кард, то ба мардум фаҳмонанд, ки дар сурати фавти наздиконашон ҷузъе аз бадани онҳоро, ки солиманд, ба беморон тақдим намоянд. Ба гуфтаи вазир, дар кишвар шумораи нафароне, ки ҷузъе аз бадани худ, аз ҷумла гурдаашонро дар ивази пул ба афроди бемор медиҳанд, хеле кам аст.