Аз Узбакистон дар ҶБВ 1,5 миллион нафар ширкат доштаанд
Сафорати Узбакистон дар Русия мегӯяд, аз 6,5 миллион шаҳрванди вақти Узбакистон 1,5 миллион нафари онҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудаанд.
Ба иттилои сафорат, дар ин ҷанг беш аз 420 ҳазор шаҳрванди узбак ба ҳалокат расида, зиёда аз 640 ҳазор тани дигар захмҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар тули солҳои ин муҳориба 120 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар бо нишон ва орденҳо қадрдонӣ гардида, 338 тани дигар бо рутбаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Манбаъ мегӯяд, имсол ҳайати дипломатии рус ба муносибати 68-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ ба беш аз 500 нафар аз собиқадорони узбак кӯмак карда, дар вилояту навоҳии Узбакистон, ба хусус шаҳри Тошканд, ки дар онҳо Бахши фарҳангии Русия фаъолият дорад, чорабинии идона баргузор кардаанд.