Атамбоев собиқадорони ҶБВ-ро "сутуни Қирғизистон" хонд (АКС)
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ сутуни кишвару шоҳидони арзишманди таърих ва қаҳрамонони миллати қирғиз ба шумор мераванд.
Ин нуктаҳоро Алмазбек Атамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон шоми дирӯз, 8-уми май зимни мулоқот бо собиқдорони Ҷанги Бузурги Ватании кишвараш иброз карда, аз онҳо хоҳиш кард, то миллат ва ҳамватанони худро рӯҳан дастгирӣ намоянд.
Атамбоев дар идома бо ишора ба ин ки Қирғизистон ҳамеша ба мисли солҳои қаблӣ собиқадаронро дастгирӣ хоҳад кард, гуфт, дар баробари дигар кишварҳои пасошӯравӣ, мо низ 70-умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистиро ба таври густардаву бошукуҳ ҷашн хоҳем гирифт.