Роҳпаймоии идона ва туҳфаи Афзалов ба ветеранҳо(АКС)
Таҷлили солгарди 68-уми ғалаба бар фашизм дар вилояти Хатлон аз роҳпаймоӣ бо роҳбарии Ғайбулло Афзалов, раиси вилоят, шурӯъ шуд.
Пас аз гузоштани гулчанбар ба пояи муҷассамаи аскари номаълум ва маҷмааи оташи абадии поси хотири шаҳидони ҷанг, дар боғи фароғатии ба номи Раҳмон Мӯрчаеви шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамоиши мутантан барпо гардид. Ғ.Афзалов зимни суханронӣ ироа дошт, ки “дар вилоят аз он оилаҳое, ки айёми ҶБВ бе саробон мондаанду нафақа мегиранд, танҳо сето боқӣ мондааст. Ва аз он меҳтарон ҳамагӣ 515 нафар дар қайди ҳаёт мебошанд, ки синну солашон аллакай аз 80 боло рафтааст”.
Гуфта шуд, ки барои шуҷоату қаҳрамонӣ ҳангоми набард “19 тан родмарди хатлонӣ бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва се кас бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шудааст”.
- Эҳтиром намудану қадршиносӣ кардани ин нафарон вазифаи муқаддаси фарзандии ҳар яки мост, - зикр кард раиси вилояти Хатлон ва ба 79 нафар иштирокчии ҶБВ 300-сомонӣ ва ҳам бастаҳое фароҳам аз туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.