Тоҷикистон дар майдони 200 ҳазор гектар пахта мекорад
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд дар кишвар дар майдони 183 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки ин 94 дарсади нақшаро дар бар мегирад.
Ба иттилои масъулини ин ниҳод имсол дар назар аст, ки дар майдони беш аз 200 ҳазор гектар пахта кишт гардад. Тибқи иттилои масъулини кишоварзӣ кишти заминҳои пахта дар вилояти Хатлон, мувофиқи дурнамо 131 ҳазор гектар мебошад, ки айни замон дар майдони 126 ҳазор гектар пунбадона аллакай кишт карда шудааст. Дар ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Бохтар, Данғара, Вахш, Шаҳритус, Хуросон дурнамои кишти пунбадонаро пурра иҷро намуданд.
Пахта баробари алюминий маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, истеҳсоли он давоми ду соли гузашта аз ҳадди 400 ҳазор тонна гузашта буд.