Мусобиқаи тенниси майдонӣ дар шаҳри Норак
Имрӯз, 9-уми май, дар шаҳри Норак мусобиқаи кушоди тенниси майдонӣ миёни теннисбозони ҷавон баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии кишвар ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур ҳам духтарон ва ҳам писарон миёни ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Ғолиби мусобиқа ва нафароне, ки зинаҳои дуюму сеюмро соҳиб мешаванд бо туҳфаҳо ва дипломҳои таъсиснамудаи Федератсияи тенниси Тоҷикистон қадр карда мешаванд.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки ҳамчунин рӯзҳои наздик баргузор намудани мусобиқаи варзишӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии пойтахт оид ба бокс дар назар дошта шудааст. Гуфта мешавад, ки мусобиқаҳои мазкур бахшида ба Иди ғалаба ва ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мешаванд.