Поси хотири қурбониёни ҶБВ бо ҳузури президент ва намояндагони пойгоҳи 201(АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 9-уми май, дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе бо гузоштани гулчанбар дар назди гулхан, хотири қурбониёни ҶБВ, ки беш аз 100 ҳазорашон аз Тоҷикистон будаанд, пос дошт.
Тавре Дафтари матбуоти раисиҷумҳур иттилоъ медиҳад, сипас хотираи муҳофизони Ватан бо гулчанбаргузорӣ аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати Душанбе, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Русия пос дошта шуд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба муносибати 68 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик намуда, зиндагии шоиста, хотири ҷамъ ва сиҳатмандиву саодати рӯзгор орзу кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар пайёми табрикотии худ, аз ҷумла таъкид кардааст, “мо имрӯз шукргузор аз он ҳастем, ки шумо – собиқадорони муҳтарам дар ҷабҳаҳои ҷанги шадиду хунини солҳои 1941-1945 далерона размида, ҳоло бо таҷрибаи ибратомӯзи худ дар ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳмгузор ҳастед.”
Раисиҷумҳур афзудааст, ки “ҷанги дуюми ҷаҳон воқеан аз ҷумлаи мудҳиштарин фоҷеаҳои аҳли башар дар асри гузашта буда, дар замони он Тоҷикистони мо низ ба мушкилоти сахту сангин ва хисороти ниҳоят зиёди моддӣ рӯбарӯ гардид, ки азияташ то имрӯз идома дорад. Вазнинтарин талафоти ин воқеаи мудҳиш, ки доимо пеши назарамон меояд, ин қариб 300 ҳазор нафар фарзандони ба ҷабҳаи набард фиристодашуда ва барнагаштани 100 ҳазор нафари онҳо мебошад, ки ҷои онҳо то имрӯз холист, вале номи некашон дар қалбҳои мардуми сарзаминамон зинда мебошад.”
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон айни замон шумораи собиқадорону маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишвари мо 1441 нафарро ташкил дода, ҳамаи онҳо пурра таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд: “Мо ҳеҷ гоҳ хизмату ҷонбозиҳои шумо - диловарони майдони набардро фаромӯш намекунем ва таҳти ғамхории доимӣ қарор додани шуморо вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобем.”