Хотироти ветеран: Намедонам дар қиёмат чӣ ҷавоб мегӯям?
Алишер ЗАРИФӢ
Имрӯз, 9-уми май, дар сартосари кишварҳои пасошӯравӣ Рӯзи ғалаба аз болои Германияи фашистӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин ҷанг (1941-1945) дар қатори дигар миллатҳо тоҷикон низ ширкат намудаанд. Ба муносибати ин рӯз "Озодагон" тасмим гирифт бо Муҳуддин Ғуфронови 91 сола, яке аз ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мусоҳибае анҷом диҳад.
Озодагон: Шумо муҳорибаро дар ин ҷанг чӣ гуна оғоз намудед?
Ғуфронов: Мо се бародар дар ҷанг иштирок кардаем. Вақте яке аз бародаронам аз Маскав хат фиристод, соли 1942 ман бо хоҳиши худам ба ҷанг рафтам. Баъдан бо фармони Сталин моро ба Украина фиристоданд ва аз ҳамин ҷо муборизаро оғоз намудам. Ба муқобили артиши 6 ва 8-и СТС-и Гитлер ҷангидем. Асосан дар фронти 2- ва 3-юм ба муқобили душманон мубориза мебурдем. Дар шаҳри Уффаи Бошқирдистон хеле зиёд ҷангидаем. Дар як рӯз беш аз 40 километр пеш мерафтем ва дар як муддати кутоҳ зиёда аз 100 шаҳру қишлоқро озод намудем. Дар Полша низ корнамоиҳои зиёд нишон додам. То хоки Германия муборизаро идома дода рафтаам. Ҳамаи он ҷойҳоеро, ки мубориза бурдему озод намудем, рости номашон дар хотирам нест, чун хеле зиёданд.
Озодагон: Аз лаҳзаҳои хотирмони ҷанг нақл мекардед.
Ғуфронов: Бо яке аз командирони СС-и Германия ҷанги даст ба даст доштам, ки бароям хотирмон аст. Соли 1944, бегоҳ буд ногаҳон ӯ аз наздам баромад ва ман автоматро дар гарданам мондаму бо карабин хеле зарбаи сахт задам, ки дар ҷояш афтода, сараш майда-майда шуд. Як кори бад кардам, ки ҳамон ҷо "зажигалкааш"-ро аз ҷайбаш гирифтам, намедонам акнун дар қиёмат барои ин "зажикалка" чӣ ҷавоб медиҳам, дигар ҳуҷҷатҳояшро даст назадам. Гуфтам на ҳуҷҷатҳои командираш лозим на аз худи Гитлер. Вақте дар Русия будам зимистон буду ҳаво хеле хунук ва як афсар дар наздам дар танаш "шинел" дошт, ки танҳо рӯяш метофт. Ман баъди ришамро тарошидан ба ӯ гуфтам чаро ту риш надорӣ?- бо забони русӣ ман гуфт ман писар нестам духтарам. Ман ҳайрон шудам. Дилам хеле сухт барояш. Ба ӯ як хонаро нишон додаму ҳамон ҷо рафта каме истироҳат кунед гуфтам. Дигар лаҳзае, ки бароям аҷибу хотирмон аст, ин аст, ки вақте дар Одесса будам аз радио хабари ғалабаи Иттиҳоди Шӯравиро аз болои Германияи фашистӣ шунидам ва хеле хурсанд шудам. Баъзеҳо гирён мешуданд, баъзеҳо аз хурсандӣ "каскапартоӣ" мекарданд. Ин беҳтарин лаҳза бароям буд.
Озодагон: Баъди бозгашт аз ҷанг ба чӣ корҳо машғул шудед?
Ғуфронов: Баъди ғалаба як соли дигар дар Одеса хизмат кардам. Соли 1946 омада дар Тошканд як соли дигар кор кардам. Баъдан ба Тоҷикистон (он вақт Сталинобод) омадам ва дар корхонаи пахтаи Қурғонтеппа корро оғоз намудам. То нафақа баромаданам, яъне 40 сол дар ҳамин корхона фаъолият намудам. Ҳангоми дар ин корхона кор карданам барои хидматҳои нишондодаам дар ин ҷо соҳиби 49 грамота шудам. Ҳоло 600 сомонӣ нафақапулӣ мегирам.
Озодагон: Нафақапулие, ки Шумо мегиред барои таъмини рӯзгоратон мерасад?
Ғуфронов: Не, чунки ҳамсарам бемор аст ва барои харидани доруву давоҳои ӯ маблағ намерасад. Беш аз 2 сол мешавад ҳамсарам аз ҷояш намехезад. ӯ вақте хабари марги писарамонро шунид, аз ҳамон лаҳза аз пойҳояш аз кор монд ва ҳоло аз ҷояш ҷунбида наметавонад. Ду писрам аз дунё гузаштаанд. Агар ҳукумати Тоҷикистон хидматҳои маро қадрдонӣ карда, барои саломатии ҳамсарам кӯмак намоянд, хеле хурсанд мешудам. Як бор муроҷиат кардам ҳамагӣ 100 сомонӣ доданд. Бубинед, як уколаш 42 доллар мешавад ва ин бароям хеле мушкил аст.
Озодагон: Вақте ба хонаи Шумо рафтем, дар он ҷо гуфтанд, бобои Паҳлавон (Муҳуддин Ғуфронов) аз ин ҷо кӯчидааст, чаро кӯчидед? Ин хона аз худатон аст?
Ғуфронов: Не, ин хона аз писрам аст. Хонаи худам ҷанҷолӣ буд ва ман ба қароре омадам, ки ба ин ҷо биоям. Шӯрои олӣ тасдиқ намуда буд, ки бояд ба ман хона диҳанд, аммо вақте назди Маҳмадсаид Убайдуллоев рафтам як мушовираш маро қабул кард ва гуфт, ки аз ҳамон корхонаи пахтаи Қурғонтеппа ким чи хел ҳуҷҷатҳо бояд биорам. Ҳоло намедонам ба ман хона медиҳанд ё не.
Озодагон:Дар арафаи Рӯзи ғалаба ба Шумо кумак намуданд?
Ғуфронов: Бале, аз ҷониби шаҳрдорӣ 700 сомонӣ доданд.
Озодагон: Ҳоло рӯзҳоро бо чӣ шуғле мегузаронед?
Ғуфронов: Тамоми рӯз ба хондани Қуръони маҷид машғулам. Дар ҷавониям ҳамеша дар гуштӣ қувваозмоӣ мекардам ва аксаран ғолиб меомадам. Дар мусобиқаи гуштигирӣ соли 1959 ду карат чемпиони чумҳуриявӣ шудам ва ҳамчунин ба ман ҳуҷҷати (сертификат) ҳуқуқи дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ ҳаққи доварӣ карданро додаанд. Барои гуштигир буданам маро ҳамсояҳо бобои Паҳлавон мегӯянд. Бояд зикр намоям, ки барои хидматҳои нишондодаам дар ҷанг маро бо 38 ордену медал қадрдонӣ карданд. Аммо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чандтоашро, аз ҷумла ордени Ленин, Сталин 1941-1945-ро дуздиданд.