Ифшои дуздии ҳаҷман калон дар Хатлон
Мақомоти пулиси вилояти Хатлон бо иттиҳоми дуздӣ дар ҳаҷми калон, Даврон Сафаров, як сокини 30-солаи ноҳияи Вахшро боздошт кардаанд.
Тавре аз Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд, номбурда, дар рабудани маблағи қобили мулоҳиза аз як сокини шаҳри Сарбанд даст доштааст.
Манбаъ мегӯяд, тафтиши қазия аз рӯи аризаи Рустам Сатторов, сокини шаҳри Сарбанд сурат гирифт, ки рӯзи чоруми май ба ШВКД-и шаҳри Сарбанд муроҷиат намуда, гуфт, ки шахси номаълуме аз хонаи падараш 88 ҳазору 200 сомонӣ, 37 ҳазор рубли русӣ ва 6 ҳазору 390 доллари амрикоиро дуздидааст.
Ба гуфтаи мақомот зимни пурсуҷӯ Д.Сафаров ба гуноҳи хеш иқрор гашт ва аз ӯ далелҳои шайъӣ дарёфт ва мусодира шудаанд.