Пирамарди қазоқ бо дучарха қасди ҳаҷ дорад
Як пирамарди 76-солаи қазоқ тасмим гирифтааст, тавассути дучарха ба зиёрати Каъба биравад.
Тавре расонаҳои қазоқӣ иттилоъ додаанд, Улчибой Исмагулов, сокини 76-солаи шаҳри Қарағандаи Қазоқистон мехоҳад, бо дучархаи худ барои зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ сафар кунад. Ба гуфтаи ин пирамард, агар ӯ ин орзӯи худро амалӣ созад, аз зумраи нахустин мусалмононе ба шумор хоҳад рафт, ки тавассути дучарха ба зиёрати Каъба рафтааст.
Ин пирамард мегӯяд, ӯ сафари худро аз Туркманистон оғоз карда, тавассути қаламрави Эрону Туркия идома хоҳад дод. Вале ба гуфтаи ӯ, мушкили умдааш ин убур намудани марзи Имороти Муттаҳидаи Араб мебошад. Зеро низоми гузаштани марзи ин кишвар хеле сахт мебошад.
Ёдрас менамоем, ки соли гузашта низ ду шаҳрванди Тоҷикистон пойи пиёда аз тариқи қаламрави Афғонистону Эрон ва Имороти Муттаҳидаи Араб ба Арабистони Саудӣ сафар намуда буданд. Ба гуфтаи онҳо ин сафари эшон 6 моҳ тул кашидааст.