Ҳафт скинхеди русро ҳабси абад таҳдид мекунад
Додгоҳи ҳарбии навоҳии атрофи Маскав имрӯз ҳукми айбдоркунии аъзои «Ҷамъияти миллӣ-сотсиалӣ»-ро, ки дар омодагӣ ба амалиёти терорӣ ва зиёда аз 20 ҳолати ҳамла бар пояи бадбинии нажодӣ муттаҳам мешаванд, мебарорад.
Дар курсии айбдорӣ 13 узви ин ҷамъият нишастаанд. Прокурор талаб дорад, ки нисбати ҳафт нафари онҳо бо шумули пешвои эҳтимолияшон Лев Молотков ҳабси абад тадбиқ шавад.
Моҳи феврали соли равон суди олии Русия ин ҷамиятро ба феҳрасти созмонҳои экстремистӣ шомил намуда, фаъолияти онро манъ намуд. {jathumbnail off}