Таваллуд дар кадоме аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бехатар аст?
Туркманистон ва Қазоқистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтарин макон барои таваллуд муаррифӣ шудаанд. Созмони байналхалқии Save the Children дар гузориши худ таҳти унвони “Зинда мондан дар рӯзи аввал” Туркманистон ва Қазоқистонро нисбат ба дигар кишварҳои пасошӯравӣ беҳтарин макон барои таваллуд эълон намудааст.
Дар радабандии ин созмон ин ду кишвар миёни 176 давлати дунё, ба тартиб дар мақоми 99 ва 65-ум қарор гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин феҳрист номи Қирғизистон дар мақоми 104, Узбакистон 105 ва Тоҷикистон 124-ум ҷой дода шудаанд.
Ба иттилои ин созмон дар Тоҷикистон танҳо дар соли 2010 430 маргу мири модарон ба қайд гирифта шуда, аз 1000 тифли навзод 63 нафарашон мефавтанд, ки ин нишондод нисбат ба дигар кишварҳои минтақа хеле зиёд мебошад.
Беҳтарин макони дунё барои таваллуд Финландия шинохта шуда, кишвари африқоии Конго бадтарин макон эълон гардидааст. Гуфта мешавад, созмони Save the Children дар гузоришҳои худ вазъи сиҳҳати модарону кӯдакон ва ҳолати иқтисодии 176 кишвари дунёро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки то кунун 14 гузориши он нашр гардидааст.