Танҳо Билайн монд, ки дастрасӣ ба Озодагонро маҳдуд кардааст
Бо гузашти бештар аз даҳ рӯз муштариёни ширкати “Билайн” ҳанӯз ба торнамо ё сайти “Озодагон” дастрасӣ надоранд. Нисо Расулова, раҳбари хадамоти таблиғот ё пиари ширкати Таком (Билайн) рӯзи ҳаштуми май ба “Озодагон” ин мушкилро фаннӣ номид.
Вай афзуд, аммо ин мушкили фаннӣ аз онҳо вобаста нест, ҳарчанд мутахассисонашон барои ҳалли он талош доранд. Аммо хонум Расулова дақиқ нагуфт, ки ин мушкил чигуна сар зада ва агар аз онҳо вобаста нест, пас аз куҷо сарчашма мегирад.
Бо ин ҳол, ин масъули ширкати Билайн гуфт, “фикр мекунам, дар наздиктарин фурсат дастрасӣ ба сайти Озодагон имконпазир гардад.” Даҳ рӯз қабл аз ин, дастрасии муштариёни ширкати Мегафон, Тселл ва Билайну Телеком Технолоҷӣ ба сайти “Озодагон” имконнопазир буд. Дар пайи муроҷиатҳои батакрор ба ҷуз Билайн ширкатҳои дигар маҳдудияти дастрасӣ ба Озодагонро рафъ карданд.