Ветерани 107-солаи бехона аз Эмомалӣ Раҳмон кӯмак мехоҳад
Дар арафаи Иди Ғалаба ба унвонии “Озодагон” аз собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Кӯлоб, Одил Сафарови 107-сола мактуб ворид гардид, ки дар он ветеран аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар барои соҳиби манзили зист шуданаш кӯмак мепурсад.
Ӯ менависад, «се-чор маротиба ба сарвари давлат муроҷиат кардам, аммо ҳукумати шаҳр чораҷӯӣ накард».
Аз матни мактуб бармеояд, ки Одил Сафаров 23-уми феврали соли 1906 дар Кӯлоб ба дунё омада, ҳоло сокини кӯчаи Сангимад Даминзода (собик кӯчаи Куйбишев), хонаи 181 мебошад. Ӯ дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) ширкат карда, пас аз итмоми он ба ватан баргаштааст. Ҳоло бошад, аз сабаби надоштани хонаи истикоматӣ дар манзили ҷияни ҳамсари раҳматиаш (писари бародари занаш) ба сар мебарад.
«То имрўз чандин бор ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кардаем, аммо бе фоида. Вакте кӯчаи «Чармгарон»-и шаҳрро соли 2010 сел гирифт, ваъдаи ба иштирокчиёни ҶБВ додани хонаро карданд, аммо ин дафъа ҳам надоданд»,- менависад Сафаров.
Дар идомаи мактуби собиқадори ҷанг омадааст, «як бор раиси шаҳри Кӯлоб ҷияни занамро ба наздашон даъват карда гуфтанд, ки ба мо замин ҷудо мекунанд. Аммо ман аз куҷо тавоноии дар замини холӣ хона сохтанро дорам дар ин синну сол? Ва агар шахсоне, ки маро нигоҳубин мекунанд, имкон медоштанд, худашон дар хонаи кӯҳна зиндагонӣ мекарданд? Се сол шуд, ки аз паси ҳамин мушкилот гаштем, аммо бефоида…»
Одил Сафаров ҳасрат мекунад, ки «бори охир вакте сарвари давлат ба шаҳри Кӯлоб сафар карда буд, аз ҷияни ҳамсарам хоҳиш кардам, ки маро ба ҳукумати шаҳр барад, то арзамро ба президент расонам. Масъулини ҳукумат ба парасторам гуфтанд, ки мани муйсафедро ба онҳо диҳад, то нигоҳубинамро давлат ба ӯҳда бигирад».
Собиқадори 107-сола аз он дар хиҷолат аст, ки умраш ба ҷое расидаву дар манзили хешованди ҳамсари марҳумаш ба сар мебарад. Ӯ менависад, хонаи ҷияни занаш ҳам ба вайрону валангор шудааст, аммо барои таъмиру тармими он дасташон кутоҳӣ мекунад. Ба болои ин, дар ҳавлии хурдакак ду бародару як хоҳар бо оилаҳояшон зиндагӣ мекунанд, даромади лозима ҳам надоранд, ки хонаи нав созанд.
Дар як тамоси телефонӣ, ки бо масъули ҳукумати шаҳри Кӯлоб доштем, Исмон Хушвақтов, роҳбари дастгоҳи иҷроияи ин шаҳр гуфт, рӯзи ҷумъа, 10-уми май комиссияи вижа ташкил мешавад ва ба манзили зисти ветерани 107-сола барои санҷидани вазъ хоҳад рафт.
Оқои Хушвақтов афзуд: “Соли 2010 ҳамагӣ 4 хона ҷудо шуда буд, аз тарафи давлати Қатар, ки онро мо не, балки шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Кӯлоб ба он нафароне дод, ки умуман на хешовандонашон нигоҳубинашон мекарданду на фарзанду занашон ва онҳо аз дигарон дида, бештар мӯҳтоҷи ҷои зист буданд.Барои Одил Сафаров мо соли 2011 замин ҷудо кардем ва маълумот дорем, ки то ҳол дар он замин хонасозиро оғоз накардаанд. Мо комиссия ташкил мекунем, баъди ҳаматарафа дида баромадани масъала ба шумо маълумот медиҳем”.