Сармоядорони Русия ба “Данғара” таваҷҷуҳ кардаанд
Як гурӯҳ намояндагон бо роҳбарии муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия, Пастухов Борис Николаевич аз Минтақаи озоди иқтисодии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дидан кардаанд.
Тавре аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар додаанд, меҳмононро раиси вилоят, Ғайбулло Авзалов ба ҳузур пазируфта, имкони сармоягузорӣ ба минтақа ва аз ҷумла ноҳияи Данғараро баррасӣ намудааст.
Ба иттилои манбаъ байни Палатаи Савдо ва саноати вилояти Хатлон ва вилояти Пензаи Федератсияи Русия ва инчунин байни соҳибкорони ду ҷониб созишномаҳо ба имзо расонида шуданд, ки дар зиминаи онҳо дар “Данғара” якчанд корхонаи саноатии коркарди мева ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бунёд мешавад.