Дар пойтахт мактабҳои шабона фаъол мешаванд
Шурӯъ аз 1-уми сентиябри соли равон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе мактабҳои шабона ба фаъолият оғоз мекунанд.
Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотие изҳор дошт, аз ҷониби раёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати таъсиси 4 мактаби шабона мактуб дарёфт кардаанд. Ба гуфтаи вай вазорати маориф ин пешниҳодро қабул кард ва ҳамакнун хоҳишмандони таҳсил дар макотиби шабона имкон доранд, аз 20-уми август ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд. Раҳимов мегӯяд, барои мактаҳои шабона нақшаю баронаҳои таълимӣ аллакай омода шудаанд. Фарҳод Раҳимов ҳамчунин гуфт, ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015” аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузор 51 дар сади маболиғи зарурӣ дастрас гардида, корҳо дар ин самт ҷараён доранд. “Мувофиқи нақшаи пешакӣ бахшида ба таҷлили 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соли равон 18 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад”,- илова намуд муовини вазир. Ба қавли вай дар соли 2011 аз ҳисоби 5 лоиҳаи инвеститсионии соҳаи маориф 18 миллион доллари амрикоӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ, харидорӣ намудани таҷҳизоти таълимӣ, омӯзиш ва гузаронидани тренингу семинарҳо, табъу нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. {jathumbnail off}